Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Барқ дар Қазоқистон камчин аст. Ҳукумат нархро боло бурд
Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар нархи барқро боло бурд. Ин дар ҳолест, ки панҷ моҳ қабл низ нархи барқ боло шуда буд. Дар ҳамин ҳол, кишвар барои соли дувум аст, ки бо камбуди барқ рӯ ба рӯ мешавад ва онро бо воридоти барқ аз Русия мепӯшонад.
Бар асоси иттилои ширкати “KEGOC” истеҳсоли барқ дар Қазоқистон дар соли гузашта 4,5% афзоиш ёфта, ба 117, 9 миллиард киловатт-соат расид. Бо вуҷуди ин, талабот ба барқ низ 4,3% афзуда, ба 120 миллиард киловатт-соат расидааст, ки тақрибан 2 миллиард киловатт-соат бештар аз истеҳсол мебошад.
Ин кишвар маҷбур аст, ки норасоии барқро бо воридоти барқ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бартараф кунад. Воридоти барқ аз Русия дар се соли ахир тақрибан се баробар афзоиш ёфта, соли гузашта ба 4,9 миллиард киловатт-соат расидааст.
Аз рӯи иттилои KEGOC дар Қазоқистон 233 истгоҳи барқӣ фаъол аст, ки иқтидори умумии насбшудаашон ба 25, 3 гвт мерасад. Истеҳсоли барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда 12, 4% афзоиш ёфта, вале ин сарчашмаҳо ҳоло ҳам наметавонанд таъминоти устуворро таъмин кунанд.
Мушкили асосӣ ин аст, ки истгоҳҳои асосии барқ қобилияти тағйири зуд ва мутобиқ кардани истеҳсолотро надоранд ва афзоиши истгоҳҳои барқароршаванда, ки барқашон ноустувор аст, вазъро мураккаб мекунад.
Ҳукумати Қазоқистон барномаи милии “Модернизатсияи энергетика ва комуналиро” оғоз кардааст, ки дар он таҷдиди 29 истгоҳи барқӣ бо иқтидори 7,3 гвт пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, Қазоқистон дар нақша дорад, ки то соли 2050 нисфи барқро аз сарчашмаҳои барқароршаванда таъмин кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”