Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Полис як сокини Фархорро бо 9,7 кг маводи мухаддир боздошт кард
Полиси шаҳри Душанбе як сокини 59-солаи ноҳияи Фархор Маҳмадрасул Шокировро бо иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми калон боздошт намуд. Дар ин хусус рӯзи душанбе маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мард қаблан ду маротиба барои ҷиноятҳои монанд маҳкум шуда буд ва дар таркиби як гурӯҳи байналмилалии қочоқбарони маводи мухаддир фаъолият мекард. Ӯ миқдори зиёди маводи мухаддирро гирифта, ният дошт, ки онро ба хориҷ аз Тоҷикистон интиқол диҳад.
“Дар ҷараёни кофтуков аз боздоштшуда 9 килою 700 грамм ҳашиш мусодира карда шуд” – гуфта мешавад дар иттилоия.
Бар асоси гуфтаи манбаъ, нисбати гумонбар бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ ё аналогҳои онҳо бо мақсади фурӯш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ҳоло ӯ дар боздошт қарор дорад ва тафтишот нисбати ҳодисаи мазкур идома дошта, эҳтимолан ҳамаслакони ӯ низ боздошт хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”