Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷаҳон қатли 5 журналисти шабакаи “Ал-Ҷазира”-ро маҳкум кард
Кушта шудани 5 журналисти шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бо вокунишҳои шадиди байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Вазирони корҳои хориҷии баъзе кишварҳо, мақомоти ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амали режими Исроилро маҳкум намуданд.
Тибқи иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”-и Қатар Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо нашри як изҳорот гуфт: “Мо қатли панҷ хабарнигори “Ал-Ҷазира” дар Ғаззаро маҳкум мекунем”.
Ауфер Бронштейн, мушовири Президенти Фаронса низ дар суҳбат бо “Ал-Ҷазира” гафт: “Ҳаёти хабарнигорон бояд ҳамеша ҳифз шавад ва мо ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум мекунем”. Ӯ аз Исроил даъват намуд, ки марзҳоро барои фаъолияти озоди хабарнигорон боз кунад.
Як мақоми Британияи Кабир гуфт, ки кушта шудани панҷ хабарнигори “Ал-Ҷазира” ва ҳамлаҳои такрорӣ ба журналистон дар Ғазза “бисёр нигаронкунанда” аст. Вазири корҳои хориҷии Урдун низ дар баёнияи расмӣ гуфт, ки ин ҳамлаҳоро “ҷинояти ҷангӣ” медонад ва хостори муҳокима ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони он гардид.
Вазири корҳои хориҷии Шветсия низ бо ишора ба вазъи фоҷеабори Ғазза хостори лағви бахши тиҷоратии созишномаи ҳамкорӣ бо Исроил шуд.
Ёдовар мешавем, рӯзи душанбе дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи журналистон дар ҳудуди бемористони “Ал-Шифо” дар Ғазза, Анас аш-Шариф ва Муҳаммад Қариқа -ду хабарнигор, Иброҳим Зоҳир ва Муъмин Алюва - ду тасвирбардор, Муҳаммад Нуфал – ёвари тасвирбардор ва Муҳаммад ал-Холидӣ кушта шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”