Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Малах аввал ба қафаси сина ва баъд ба гардани Ҷоннифер Лопес баромад
Ҷоннифер Лопес, сарояндаи машҳури эстрадаи амрикоӣ ҳангоми баромади консертиаш дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҳаводоронаш аз кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаву ҷаҳон ширкат доштанд, ба ҳолати ғайриинтизор рӯ ба рӯ шуд.
Дар наворе, ки сархати расонаҳои хориҷӣ гаштааст, дида мешавад, ки ҳангоми оғози мусиқӣ ва суруданаш малах пайдо шуда, аввал ба қафаси синааш ва баъд ба боло ҳаракат мекунад.
Мухлисонаш, ки ин нуқтаро тариқи оинаҳои бузург назорат мекарданд, садо баланд карда мехостанд, ки ӯро огоҳ созанд. Аз он ки малах дар болои либос ҳаракат мекард, Ҷоннифер Лопес аксуламали ҷиддӣ нишон намедиҳад. Ҳангоми ба гардан расидани малах мисраи сурудашро ба охир расонида, малахро аз гарданаш гирифта ҳаво медиҳад.
Расонаҳо навиштаанд, ки ӯ малахро ба сӯи меҳмонҳое, ки дар ҷои махсус, ба қавле VIP нишаста буданд, мепартояд.
Консерти ин сарояндаи амрикоӣ бо дастгирии “Бунёди рушди фарҳанг ва ҳунари Ӯзбекистон” дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”