27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
11.08.2025 14:28

Зилзила бо қувваи 6,1 балла қисмати ғарбии Туркияро такон дод

Шоми 10-уми августи соли 2025 соати 19:53 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ғарби Туркия заминларзае бо қувваи 6,1 балл рух додааст.

Гуфта мешавад, ки маркази зилзила дар 400-километрии Истанбул ҷойгир буда, ларзиши замин дар ғарби ин шаҳр то 30 сония идома кардааст.

Зилзила дар шаҳрҳои Измир, Кутах, Ялова, Истамбул, Манис, Ушак, Айдина, Эскишехир, Сакар ва Текирдаға эҳсос шуда, тақрибан 20 бино осеб дида, дар Синдирга як бино хароб шудааст, гуфтаст TRT.GLOBAL

Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, дар пайи ин заминҷунбӣ, як нафар ба ҳалокат расида, 29 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ ҳудуди 20 бино осеб дидаанд.

Раҷаб Тайид Эрдоған, президенти Трукия ба сокинони зарардида ва ҷароҳатбардошта изҳори тасаллият намуда, тамоми мақомоти марбутаро муваззаф намуд ва дар ҷои ҳодиса корбарӣ намуда истодаанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.