27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
11.08.2025 11:45

Консерти Ҷоннифер Лопес дар шаҳри Тошканд баргузор шуд

Консерти бошукӯҳи Ҷоннифер Лопес, хонандаи машҳури попи амрикоӣ бори нахустин дар таърихи Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гашт, ки дар он мухлисон аз кишварҳои Осиёи Миёна, минтақа ва ҷаҳон ширкат доштанд.

Ин консерт бо унвони “Тамоми шаб бедор” дар варзишгоҳи бузурги “Бунёдкор” доир шуд ва ба истиқболи гарми мухлисони дохилӣ ва хориҷӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷоннифер Лопес дар ин шаб маҷмуае аз сурудҳои машҳури худ, аз ҷумла “Дар саҳна”, “Ҷенни аз маҳалла” ва “Ман модари ту нестам” –ро иҷро кард.

Ин консерт бо дастгирии “Бунёди рушди фарҳанг ва ҳунари Ӯзбекистон” доир шуд. Доир шудани чунин консерт дар сатҳи баланди фарҳангӣ қадами устувор дар роҳи муаррифии Ӯзбекистон дар минтақаву ҷаҳон аст.

Дар фарҷоми барнома Ҷоннифер Лопес туҳфаи анъанавӣ гирифт, ки сурати ӯ дар он нақш баста буд. Ҷоннифер Лопес бо нашри видео аз лаҳзаи гирифтани ин туҳфа ва аз зебоиву нафости он изҳори тааҷҷуб кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.