Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Довталабони “Тӯби тиллоӣ” маълум шуданд. Роналду гуфт ҷоизаи мазкур дурӯғ аст
Тибқи иттилои дастрас, имсол ҷоизаи инфиродии “Тӯби тиллоӣ”-ро ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ” Усмон Дембеле соҳиб мегардад. Дар рӯйхати мазкур ҷойи дуюм ва сеюмро ҳамлагари “Барселона” Ламин Ямал ва нимҳимоятгари “ПСЖ” Витиня ишғол кардаанд.
30 довталаби асосӣ барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” расман маълум шуданд, вале он ҷо касоне ҳастанд, ки буданашон шубҳаовар асту касоне нестанд, ки бояд мебуданд. Барои мисол, номи нимҳимоятгари бошгоҳи “Арсенал” Деклан Райсро дар ин рӯйхат ҷой додаанд, ки ӯ дар мавсими гузашта, ба ҷуз ду гол ба дарвозаи “Реал Мадрид” ворид кардан, дигар кори назаррасе накардааст. Вале дар ҳамин ҳол, нимҳимоятгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Федерико Валверде, ки дар мавсими сипаригашта аз ҷумлаи беҳтарин ва намоёнтарин футболбозон буд, дар рӯйхати мазкур ҷой нагирифт.
Дар ин росто, журналистон аз футболбози португалӣ Криштиану Роналду пурсиданд, ки дар мавриди рӯйхати довталабони имсолаи “Тӯби тиллоӣ” чӣ назар дорад, ӯ бисёр кӯтоҳ ҷавоб дод: “Ин дурӯғ аст!”.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду панҷ маротиба ҷоизаи инфиродии “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овардааст ва ду сол шуд, ки пайи ҳам дар рӯйхати довталабон мавқеъ намегирад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”