27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:09, Душанбе
11.08.2025 09:20

Дар Тоҷикистон нафақа зиёд мешавад. Аз кӣ чанд сомонӣ?

Дар ҷумҳурӣ оғоз аз сентябри соли равон нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ 10 фоиз зиёд мегардад.

Иттилоъ дода мешавад, ки аз моҳи оянда нафақаи суғуртавӣ аз 470 сомониву 57 дирам ба 517 сомониву 63 дирам, нафақаи меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644 сомониву 65 дирам, нафақаи иҷтимоӣ аз 330 сомониву 60 дирам ба 366 сомониву 66 дирам ва нафақаи заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357 сомониву 50 дирам баробар карда мешавад.

Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар кишвар шумораи умумии нафақагирон 858 ҳазору 191 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 170 ҳазору 52 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре ки масъулини ниҳоди мазкур зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, ҳаҷми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 2 миллиарду 721,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 103,4% таъмин гардидааст. Яъне ҳаҷми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2025 нисбат ба нақшаи пешбинишуда 93,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.