27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
09.08.2025 13:30

Оё Исроил дубора ба Эрон ҳамла мекунад? Мушовири Нетаняҳу мегӯяд, ҳамла накардан худкушӣ аст

Пас аз яку ним моҳи Ҷанги 12-рӯзаи миёни Исроил ва Эрон таъсир ва паёмадҳои он тадриҷан рӯшан мешавад. Ба назар мерасад, ки ҳарду ҷониб – ҳам Теҳрон ва ҳам Тел-Авив дар ҳоли омодабоши низомӣ қарор доранд ва овозаҳо дар хусуси эҳтимоли оғози ҷанги навбатӣ ба гӯш мерасад.

Шабакаи телевизионии “Франс 24” дирӯз дар як гузориши таҳлилӣ ба баррасии зарба ва хисороти ҳамлаи Эрон ва Исроил пардохт ва гуфт, ки новобаста аз сензураи Исроил, таҳлилгарон муваффақ шудаанд, 36 нуқтаи аслии бархӯрди мушакҳои эронӣ дар Исроилро шиносоӣ ва арзёбӣ кунанд.

Як мақоми олирутбаи низомии исроилӣ, ки қароргоҳи дафтари ӯ, чандсад метр дуртар аз нуқтаҳои зарбадида мавқеъ дорад, рӯзи сешанбе ба ҳафтаномаи фаронсавии “Экспресс” гуфт: “Мебинед, ки ҳатто як мушаки баллистикии эронӣ чӣ қадар ба Тел-Авив зарар расонида метавонад. Агар Эрон ба ҳайси таҳдиди аслии вуҷудии кишвари мо боқӣ монад, мо пеш аз он ки онҳо моро бикушанд, онҳоро хоҳем кушт”. Ба гуфтаи ҳафтаномаи мазкур, 45 рӯз баъд аз ин низои бесобиқа, ҳарду кишвар омодагии навбатӣ барои “қисмати дуюми ҷанг”-ро оғоз кардаанд.

Шикасти садди равонии ҷанг

Далия Шайндлин, пажӯҳишгари маркази таҳқиқотии “Бунёди аср”  ва мутахассиси афкори умумии Исроил мегӯяд: “Сарчашмаҳои равонии ҳамлаи мустақим миёни Эрон ва Исроил дар камтар аз ду сол, се бор шикастааст. Ин яъне, тамоми эҳтимолҳо, аз ҷумла оғози дубораи муноқиша, рӯи миз аст. Ҳарчанд Исроил дар дохили Эрон ба дастовардҳое ноил шуд, вале таъсири онҳо маҳдуд буд ва ин метавонад ба вазъияти таркандае оварда расонад”.

Эрон ба ғанисозии дубораи уран рӯ меорад

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо изҳор кард, ки мехоҳад Барномаи ғанисозии уранро аз сар гирад. Аббос Ироқчӣ рӯзи чоршанбе ба телевизиони давлатӣ гуфт, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба иншооти атомии Эрон осеб зад ва онҳоро ба нақз кардани “қонунҳои байналмилалӣ” муттаҳам намуд. Аббос Ироқчӣ дар суҳбати дигаре шарти оғози раванди музокиротро пардохти ғаромати ҷанг аз сӯи Амрико тавсиф кард. Гумонзаниҳо дар робита ба оғози раванди музокироти Эрон ва Амрико нишон медиҳад, ки ҳарду тараф тамоюли оғози дубораи гуфтугӯҳоро доранд. Тибқи гузориши расонаҳои байналмилалӣ шояд дар ҳафтаҳои оянда даври ҷадиди музокироти Эрону Амрико пас аз Ҷанги 12-рӯза оғоз гардад.

Изҳороти Доналд Трамп ва таҳдид ба Эрон

Президенти Амрико рӯзи чоршанбе бо ишора ба ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон гуфт, ки ин ҳамла дастёбии Эрон ба силоҳи атомиро кам карда ва монеи густариши ҷанг дар Ховари Миёна шуд. Ӯ гуфт: “Агар Эрон дубора Барномаи атомии худро оғоз кунад, мо боз ҳамла хоҳем кард. Онҳо бояд бифаҳманд, ки ин кори бисёр хатарнок аст”.

Фазои шадиди низомӣ ва таҳдидҳои Исроил

Бар асоси гузориши Пентагон ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ва Амрико Барномаи атомии Эронро чанд моҳ ба таъхир андохт. Ин боис шуд, ки гурӯҳҳои ростгарои Исроил талаб кунанд, ки бояд ҳар чи зудтар кори Эрон “тамом шавад”.

Мушовири Нетаняҳу ба “Экспресс” гуфт, ки “Агар Исроил ҳамлаи пешгирикунанда накунад, ин маънои худкуширо дорад. Эрониҳо худашон мегӯянд, ки Исроил, мисли як шаҳри Хиросима аст, як бомбаи атомӣ кофист, то он аз харита нопадид шавад”.

Агентии байналмилалии атомӣ ҳушдор дод

Рафаэл Гросси, мудири кулли Агентии байналмилалии атомӣ гуфт, ки Эрон метавонад дар тӯли 3 то 4 моҳи оянда ғанисозии уранро аз сар гирад. Пешбинии Рафаэл Гросси дар ҳолест, ки бархе мақомоти Эрон хоҳони қатъи ҳамкории Эрон бо ин ниҳоди байналмилалӣ мебошанд. Дар изҳороти тоза Аббос Ироқчӣ гуфт, ки масъалаи ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии атомиро Шурои амнияти Эрон ҳал хоҳад кард.

Кишварҳои аврупоӣ дар пайи қатъ шудани ҳамкориҳои Эрон бо Агентии байналмилалии атомӣ таҳдид карданд, ки таҳримҳои Созмони Милал нисбат ба Эронро бар хоҳанд гардонд. Баъди ин таҳдид Аббос Ироқчӣ бо вокуниши шадид гуфт, ки ин иқдом роҳи ҳалли масъаларо душвортар хоҳад кард.

Системаи дифоии Исроил ва мушкилоти он

Ҳарчанд системаи “Гунбади оҳанин” тақрибан (аз рӯйи маълумотҳо) 90% мушакҳои эрониро безарар гардонд, 10% боқимонда ба ҳадаф расид ва хисороти назаррас ворид карда шуд. Як афсари аршади низомии Исроил гуфт: “Дар Ҷанги 12-рӯза, Эрон беш аз 500 мушаки баллистикӣ партоб кард ва ният дошт, то 10-20 мушак партояд. Агар мо ҳозир амал накунем, баъд дигар наметавонем дифоъ кунем”.

Эрон ва тарс аз “густариши нуфуз”

Пас аз ҳамлаҳои Исроил Эрон дар ҳолати бозсозии қудрати дифоии худ аст. Чанде қабл, Алӣ Лориҷонӣ раиси Шурои амнияти Эрон таъйин шуд ва дар чорчӯби ин ниҳод Шурои дифоъи Эрон таъсис шуд, ки генералҳои коркуштаи эронӣ дар ҳайти онанд. Ҳар рӯз чанд таркиши мармуз ва “ғайриқобили шарҳ” дар ҷойҳои ҳассос ба амал меояд. Теҳрон то ҳол барои ин воқеаҳо расман Исроилро муттаҳам накардааст, вале масъулони эронӣ дар суҳбат бо “Ню-Йорк таймс” гуфтаанд, ки ин ҳодиса тасодуфӣ нестанд.

Эътирофи Моссад ва бознигарӣ дар дохили Эрон

Баъди оғоз шудани оташбас Довуд Барнеа, раиси Моссад дар як изҳороти бесобиқа гуфт: “Мо дар Эрон будем ва боқӣ хоҳем монд”. Эрон пас аз ҷанг ҳазорон нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт  намуда, шумори зиёди одамонро ба таври густурда муҳокима ва ҳатто эъдом намудааст.

Мақомоти иттилоотии Эрон аз рахнаи бузурги амниятӣ дар сатҳҳои мухталиф изҳори нигаронӣ намуда, ҷосусонро кашф карданд. Дар Ҷанги 12-рӯза бархе ҷосусони Исроил, ки шаҳрвандони Эрон буданд, бо истифода аз резпарандаҳо ба ҳадафҳои низомӣ ҳамла намуда, боиси эҷоди тарс ва парокандагӣ шуданд. Дар пайи кашф ва безарар кардани ҷосусҳои Исроил Эрон як корманди муассисаи атомиро низ ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Исроил ба дори муҷозот овехт. Дар филме, ки нашр шуд, ин ҷосуси Исроил иқрор мекунад, ки чӣ гуна ба нафъи Исроил кор мекард.

Қатли занҷиравии донишмандони атомӣ

Эрон рӯзи чоршанбе Рӯзбеҳ Водӣ, донишманди атомиро ба иттиҳоми “ҷосусӣ барои Моссад” қатл намуд. Гуфта мешавад, ки ӯ муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи илмҳои атомии Эрон ва хатмкунандаи докторантураи муҳандисии атомӣ аз Донишгоҳи Амири Кабир будааст.

Додгоҳи олии Эрон гуфт, ки ӯ иттилои як донишманди дигари атомиро, ки дар ҳамлаи Исроил кушта шуд, ба Моссад додааст.

Дар пайи ҳамла ва террорҳои Исроил чеҳраҳои матраҳи илми атомии Эрон кушта шуданд. 8 нафар донишмандони атомии Эрон дар ҳамлаи Ҷанги 12 –рӯзаи Исроил ба Эрон кушта шуданд. Аксари ин донишмандон дар хонаҳои худ ва ҳамроҳ бо аъзои оилаашон кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки ин Исроил бо рахнаи иттилоотӣ тавонист ба террори донишмандони эронӣ даст занад.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки бо террори донишмандони атомӣ Исроил ва Амрико наметавонад дониши атомии миллати Эронро аз байн бибарад, зеро донишмандони атомии Эрон дониши атомии худро ба наслҳои ҷавон интиқол дода ва ҳазорон шогирд тарбия намудаанд.

Сиёсатшинос: Эрон мисли Ироқи Саддам дар соли 1991 шудааст

Таҳлилгарон дар кишварҳои аврупоӣ ба ин боваранд, ки ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, Лубнон ва Ироқ, ки боиси заиф шудани неруҳои таҳти ҳимояи Эрон шуд, Эронро ба мисли Ироқи Саддам дар соли 1991 кардааст.

Сиёмак Намозӣ, тоҷири эронӣ-амрикоӣ, ки шаш сол дар Эрон зиндонӣ буд, гуфт: “Эрон монанди Ироқи Саддам пас аз ҷанги Халиҷи Форс шудааст, ҳукуматро дорад, аммо осмон ва дифояшро аз даст додааст”.

“Набояд душманро ночиз гирифт. Таҳдид ҳанӯз поён наёфтааст. Қудрати мушакӣ ва бесарнишини мо ҳанӯз фаъолу омода аст. То лаҳзаи охир бо ҳамлаҳо оташбасро таҳмил кардем ва ҳоло низ бояд омода бошем”- мегӯяд Амир Ҳотамӣ, фармондеҳи артиши Эрон.

Бо шитоб мусаллаҳ мешаванд

Баъди оташбас Бенямин Нетаняҳу ба Вашингтон рафту аз Доналд Трамп кумак ва муҳимоти пешрафта талаб кард. Доналд Трамп мухолифат накарда, гуфт: “Агар Эрон боз оғоз кунад, мо зуд онҳоро нобуд хоҳем кард”.

Аз ҷониби дигар, Эрон ба таври ором дар бозори силоҳ фаъол шуд ва аз Чин барои ҷангҷӯён ва системаи дифоии ҳавоӣ кумак хост. Дар расонаҳо гузоришҳое нашр шуд, ки Эрон аз Чин хариди ҷангандаҳои насли чоруними Чинро дархост намудааст. Сафорати Чин дар Исроил ин гузоришҳоро рад намуда, гуфт: “Чин ба кишварҳои даргир ягон силоҳ намефиристад ва содироти маҳсулоти дугонаро сахт назорат мекунад”.

Эрон қудрати муҳимми минтақавӣ аст

Раиси пешини Шурои амнияти миллии Исроил Эрон Этсион мегӯяд, ки “ҳарчанд мо ба дастовардҳо ноил шудем, аммо эҳсоси амният нест. Эрон на Ҳизбуллоҳ аст, на Ҳамос, балки як қудрати воқеии минтақа аст, ки метавонад низомашро зуд бозсозӣ кунад ва бо Чин дар такмили системаҳои дифоӣ ҳамкорӣ дорад”.

Мушакҳои фаросавти Эрон, ки дар Ҷанги 12-рӯза ваҳшат ва харобиҳои зиёд дар Тел-Авив эҷод намуданд, далели он аст, ки Эрон аз қудрати дифоӣ бархӯрдор аст ва метавонад дар ҷараёни ҷанг ба душман зарбаҳои мулҳик ворид кунад.

Ҷонибҳо муттаҳидонро сафарбар мекунанд

Ба навиштаи рӯзномаи Исроил Ҳайом Бенямин Нетаняҳу дар сафараш ба Вашингтон “чароғи сабз” –и ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эронро аз Трамп дарёфт кард. Зеро пас аз ҷангҳои ахир бар зидди Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос захираҳои низомии Исроил хеле кам шудаанд.

Дар Эрон тамринҳои минтақавӣ бо шиддати нав дубора оғоз шудаанд ва Теҳрон мекӯшад, ки “меҳвари муқовимат” –ро, ки заиф шуда буд, фаъол кунад. Ба навиштаи рӯзномаи “Экспресс” дар ҳафтаҳои ахир чандин мулоқот миёни фармондеҳони Эрон ва намояндагони гурӯҳҳои ҳампаймон (Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо, Ҳамос, Ҷиҳод, Ҳашд-аш-Шаъбӣ) доир гардидааст. Пас аз он даргирӣ дар кишварҳои мизбони ин гурӯҳҳо дубора оғоз шуд. Ҳизбуллоҳ аз супурдани силоҳ худдорӣ мекунад ва талош дорад ҳузурашро дар ҷануби Лубнон дубора қавӣ созад, чизе ки боиси ҳамлаҳои ҳаррӯзаи Исроил шудааст. Аббос Ироқчӣ рӯзи чоршанбе гуфт: “Зарарҳои ҷанг ислоҳ шудаанд, Ҳизбуллоҳ дубора созмон ёфтааст ва қумондонҳояшро иваз намудааст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.