Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Қарзи давлатӣ чӣ қадар асту буҷет чанд фоиз иҷро шуд?
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Вазири молия афзуд, ки миқдори қарзи давлатӣ ба 21,4 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар аст ва аз он 3,1 миллиард доллар ё 88 фоиз қарзи берунӣ мебошад.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаш моҳи авали соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 111,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 27,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.
Илова гардид, ки иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз 113,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 153,7 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқ гардидани 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Аз ин маблағ 97,9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 54,3 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 1,5 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”