Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Музаффар Ашӯриён: Иваз кардани ному насаб ва номи падар тибқи нишондиҳандаҳои муқарраршуда пардохт мегардад
“Барои иваз кардани ному насаб панҷ нишондиҳанда, ки як нишондиҳанд баробар ба 75 сомонӣ аст, муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад. Муҳлати омода кардани ин ҳуҷҷат то 15 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст”, гуфт Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки рӯзи 7-уми августи соли 2025 дар бинои вазорат баргузор гашт.
Вазир ҳамчунин илова кард, ки ариза дар бораи иваз намудани ному насаб ва номи падар бояд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз понздаҳ рӯз аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.
“Дар равзанаи ягонаи Вазорат бо ҳарфҳо, ки адозаашон то 1,5 метр масофа хонда мешавад, ҳамаи нархномаҳо дар онҷо оварда шудааст, ки шаҳрвандон онро дида метавонанд, масалан бароии як нишондиҳанда 75 сомонӣ навишта шудааст. Ҳар як нафари корафтода медонад, ки барои кадом амалиёт ё сабти ҳуҷҷатҳо чӣ қадар маблағ аз рӯи нишондиҳандаҳои муайяншуда ситонида мешавад”, гуфт Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”