Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазири корҳои дохилӣ гуфт, 32 толибилм аз кишварҳои хориҷ ба Ватан баргардонида шуданд
“Дар натиҷаи ҷорабиниҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 32 нафар толибилмон аз дигар давлатҳо ба кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар ҷумҳурӣ бошад 105 ҳолати гирифтани таҳсилоти ғайриқонунии динӣ ба иштироки 175 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 76 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.”
Ин нуқтаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурӣ дар ҳисоботи нимсолаи худ ба хабарнигорон ироа намуд.
Мавсуф илова кард, ки тибқи таҳлилҳо муайян карда гардид, ки баъзе волидон фарзандонашонро ба дасти муллоҳои камсавод медиҳад, ки дар натиҷа онҳо гирифтори таъқибу шиканҷа, азобу уқубат ва латукӯб гардида, дар асл аз дини ислом бохабар нашуда, майл ба ифротшавӣ мекунанд.
Тибқи омори расмии вазорат дар шаш моҳи аввали соли 2025 6 гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар ҳайати 23 нафар барои содир кардани 73 ҷиноят муайян ва дастгир карда шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”