27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
08.08.2025 15:21

Дар кадом корхонаҳо зарари молиявии нисбатан калон ошкор шудааст?

Имрӯз, 8-уми август дар нишасти матбуотӣ Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1245 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 528 нафар ошкор гардидааст.

Гуфта шуд, ки тафтиши пешакии 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар ба итмом расида, ба судҳо ирсол гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯйи ҳамаи самтҳои фаъолият 661, 6 млн сомониро барқарор намудааст. Аз ин шумора 267, 9 млн сомонии он ба суратҳисоби буҷети давлатӣ ва 384 млн сомонӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва 9,7 млн сомонӣ ба ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шуданд.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра коргоҳҳое, ки аз онҳо зарари молиявии нисбатан калон ошкор шудааст, инҳо мебошанд: ҶСК "Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе" - 262,8, млн сомонӣ, шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ВКД ҶТ - 270,7 млн сомонӣ, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва зерсохторҳои он - 7,2 млн сомонӣ, КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" - 5,9 сомонӣ, филиали маркази барқугармидиҳӣ 2" ҶСК "Барқи Тоҷик" - 5,9 млн сомонӣ ва филиали маркази барқу гармидиҳии 1" ҶСК "Барқи Тоҷик" - 4,8 млн сомонӣ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.