27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
08.08.2025 09:52

Хадамоти гумрук: Содироти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 5,3% коҳиш ёфт

Ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 беш аз 996 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 5,3 фоиз камтар мебошад. Дар ин бора Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ рӯзи 7-уми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Ба ҳисоби асъор коҳиш 53 миллион долларро ташкил дод. Ҳамзамон, ҳаҷми воридот 9,4% афзоиш ёфта, ба беш аз 3,8 миллиард доллар расид, яъне 943 миллион доллар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта” – зикр кард ӯ.

Хуршед Каримзода қайд кард, ки дар сохтори савдои хориҷӣ 89,1% воридот ва 19,9% содирот рост меояд. Маводи асосии содиротии Тоҷикистон инҳоянд:

Сурма - 30, 4 % аз ҳаҷми умумии содирот;

Консентратҳо — 12,8%;

Нахи пахта — 5,8%;

Энергияи барқ — 4,5%;

Мева ва сабзавот — 3,4%;

Афзоиши ҳаҷми содирот ба Нидерландия, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Белгия, Покистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст. Коҳиши содирот ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Эрон мушоҳида шудааст. Хуршед Каримзода таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар барои оптимизатсия намудани тавозуни савдои хориҷӣ, рушди географияи содирот ва афзоиши ҳиссаи маҳсулот бо арзиши иловашудаи баланд тадбирҳо меандешад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.