27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
08.08.2025 09:30

Толибон як радиоро барои “хандидан”-и хабарнигораш бастаанд

Гурӯҳи террористии Толибон радиои “Насим” дар вилояти Дойкундии Афғонистонро ба далели “хандидан”-и хабарнигораш муваққатан бастаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, як хабарнигори ин радио дар ҷараёни сабти барнома дар ҳузури масъулони гурӯҳи Толибон механдад ва онҳо ба ин далел ӯро боздошт намуда, фаъолияти радиоро маҳдуд кардаанд.

Ризо Ваҳидӣ, муассиси ин радио дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки рӯзи 6-уми август ду хабарнигор ва мудири масъули радио – Султон Ҷаводӣ, Сафиуллоҳ Ризоӣ ва Муҷтабо Қосимӣ аз сӯи гурӯҳи Толибон баъди он боздошт шуданд, ки як хабарнигори радио дар вақти салом додан ба ҳамкорон дар Идораи сарҳадот ва қавмҳои вилояти Дойкундӣ механдад.

Ризо Ваҳидӣ гуфт, ки хабарнигори ин радио бо дархости ҳамин идора барои таҳияи гузориш рафта буд, вале масъулони истихбороти гурӯҳи террористии Толибон дар он ҷо ҳузур доштанд ва ӯро ба далели хандидан боздошт карданд. Ӯро дастбанд зада, ба мошин мешинонанд ва барои ибрат дар чанд шаҳр гардонда, баъдан ба идораи амнияти вилоят мебаранд.

Гурӯҳи террористии Толибон бо ин қаноат накарда, ба дафтари радио мераванд ва таҷҳизоти онро бо баҳонаи тафтиш мусодира карда ва пахши барномаҳоро мутаваққиф мекунанд. Дар пайи он Султоналӣ Ҷаводӣ ва Муҷтабо Қосимӣ низ боздошт шудаанд.

Ризо Ваҳидӣ мегӯяд, масъулони гурӯҳи террористии Толибон дертар гуфтаанд, ки сабаби боздошту фишор нашри гузорише дар радио аст, ки дар он аз қавли Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳузури ДОИШ дар Афғонистон матлаб навиштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гузориш моҳҳо қабл нашр шуда буд ва на фақат аз ҷониби радиои “Насим”, бал аз ҷониби чандин расонаи дигар низ интишор ёфта буд.

Гурӯҳи террористии Толибон се хабарнигори ин радиоро шаби гузашта бо замонат аз зиндон озод намуда, аммо фаъолияти радиоро манъ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти расонаҳоро дар Афғонистон маҳдуд кардаанд. Онҳо хабарнигоронро боздошт мекунанд ва фаъолияти расонаҳоро маҳдуд менамоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.