Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дастин Поре пас аз қатъи корномаи варзишӣ ба корҳои хайриявӣ машғул аст
Размкори маъруфи амрикоӣ Дастин Поре корҳои хайривиашро идома дода, ба муносибати наздик шудани Рӯзи дониш дар шаҳри Лафайети штати Луизиана ба 1200 мактаббача ҷузвдони мактабӣ тақдим намуд.
Дастин Поре, солҳост, ки дар доираи фонди хайриявиаш бо номи «Good Fight» ба ниёзмандон кумак мекунад ва тавре дида мешавад, ӯ пас аз хотимаи корномаи варзишиаш низ корҳои хайриявиро давом медиҳад.
Номбурда аз ҳисоби маъруф буданаш тавоҷуҳи саховатмандону хайрхоҳонро ҷалб карда, маҳз ба воситаи фонди хайриявиаш ба ниёзмандону дастнигарон кумак мерасонад.
Бояд бигӯем, ки Дастин Поре 20-уми июли соли ҷорӣ охирин муҳорибаашро бо Макс Холлоуэй дар ташкилоти UFC гузаронд ва корномаи варзишиашро ба итмом расонд.
Ёдовар мешавем, ки Дастин Поре аз соли 2009 дар муҳорибаҳои омехта иштирок карда, дар корномааш 30 ғалаба, 10 бохт ва як мусовӣ дорад. Ӯ се маротиба барои камарбанди чемпионӣ ҷангидааст, вале муваффақ нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”