Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Завқӣ Завқизода: “Воридоти мол рӯ ба афзоиш аст”
"Воридоти мол дар шаш моҳи аввали соли 2025 3775,8 миллион долларро ташкил дода, ин шумора ба ҳамин давраи соли гузашта 359,4 миллион доллар зиёд гардидааст."
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар ин бора рӯзи 6-уми августи соли 2025 дар нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод.
Ӯ ҳамчунин, қайд кард, ки дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмол 8,3
% ва барои коркард 9,7 %, воситаҳои нақлиёти заминӣ 13 %, маҳсулоти нафтӣ 11,7 %, таҷҳизоти технологӣ 7,9 %, металлҳои сиёҳ 7 фисад, таҷҳизоти электрикӣ 6.3 фисад, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,3 фисад, гази моеъ 3,2, маҳсулоти полимерӣ 3,1, маҳсулоти кимиёвии ғайриорганикӣ ва маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2,2 %, гилхок 1,5,нуриҳои минералӣ 0,8 %, гази табиӣ 0,4 % ва ғайраҳо ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои вазир нишондиҳандаи содирот беназардошти металлҳои қиматбаҳо ба 953,1 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255, 2 миллион доллар зиёд шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”