27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
07.08.2025 14:28

Саразмиён дар қораи Ҳинд: натиҷаи тадқиқоти илмӣ дар бораи геномаи ҳиндуҳо

Пайдоиш ва густариши инсоният дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон аз қадим то имрӯз мавзуи меҳварии пажӯҳишҳои байнисоҳавӣ аз бостоншиносӣ то геномика мебошад. Яке аз самтҳои муҳимми ин таҳқиқот, омӯхтани таърихи генетикии миллатҳост, ки бо воситаи технологияи муосири ДНК имкон медиҳад робитаҳои аҷдодӣ, муҳоҷиратҳои қадим ва омезиши фарҳангиро дақиқтар дарк намоем. Ҳиндустон ҳамчун яке аз колисҳои тамаддуни башарӣ ва дорои аҳолии аз лиҳози генетикӣ гуногун, тайи солҳои охир ба майдони таҳқиқоти фарогири илмӣ табдил ёфтааст. Дар доираи ин таҳқиқот, робитаи аҷдодии баъзе аз гурӯҳҳои қабилавии ҳиндуҳо бо тамаддуни Саразми бостон яке аз марказҳои қадимаи кишоварзии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоссаи олимонро ба худ ҷалб намудааст.

Дар партави чунин таҳаввулоти илмӣ, таҳқиқоти навин дар бораи геномаи ҳиндуҳо ба равшан гардидани иртиботи таърихии онҳо бо тамаддунҳои қадима, аз ҷумла бо деҳқонони Саразми бостонӣ, замина фароҳам овардааст.

Аз ҷониби нависандаи англис Эмили Кук мақолаи илмӣ зери унвони “Алоқамандии геномаи ҳиндуҳо бо муҳоҷирати бузурги панҷоҳ ҳазор сол пеш ва ниёкони аз байн рафтаи одамони имрӯза”- “India's evolutionary past tied to huge migration 50,000 years ago and to now-extinct human relative” нашр гардид, ки дар он муаллиф дар бораи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии солҳои ахир, ки ба мероси геномаи ҳиндуҳо бахшида шудаанд, маълумот додааст.

Ҳамзамон, гурӯҳи мутахассисон аз муассисаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ, ки аз муҳаққиқони соҳаҳои геномика, бостоншиносӣ ва антропология иборатанд, дар доираи таҳқиқоти компаративии байниқитъавӣ ба омӯзиши хоси ин падидаи генетикӣ пардохта, ба натиҷае расиданд, ки геномикаи популятсияи муосири Ҳиндустон дорои табиати омехтаи гетерогенӣ мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои молекулавӣ ва пайгирии хатҳои ирсӣ, манзараи эволютсионии генофонди ҳиндуҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар натиҷаи омезиши пайвастаи компонентҳои гуногуни биологӣ ташаккул ёфта, он ифодаи таърихии чандқабатаи тағйирёбии демографӣ ва муҳоҷиратҳои палеогенетикиро инъикос менамояд. Аз ҷумла, натиҷаҳои таҳлилҳои ирсии ДНК нишон доданд, ки дар ҳошияи ин раванд, унсурҳои геномии неандерталоидҳо ва денисовҳо ки намояндагони систематикӣ ва филогенетикии гурӯҳҳои инсоншаклони қадим ба шумор мераванд дар маҷмуи генофонди ҳиндуҳои муосир ҳузури устувори эволютсионӣ доштаанд.

Сазовори зикр аст, ки бузургтарин таҳқиқоти фарогири популятсионӣ дар робита ба геномикаи мардуми Осиёи Ҷанубӣ ба дастёбии бозёфтҳои назаррасе мусоидат намуд, ки дар онҳо динамикаи тағйирпазирии ирсӣ дар қаламрави Ҳиндустон бо шеваи бесобиқа инъикос ёфтааст. Дар доираи ин пажӯҳиш, ки таҳти роҳбарии як консорсиуми байналмилалӣ сурат гирифт, маълумоти муфассал оид ба эволютсияи генетикии ҷомеаҳои ҳинду ба даст оварда шуд. Дар ин замина, геномҳои беш аз 2700 нафар аз сокинони 17 иёлоти Ҳиндустон, ки қишрҳои мухталифи забонӣ, этникӣ, каставӣ ва қабилавиро дар бар мегиранд, мавриди секвенсияи молекулавии ДНК қарор дода шуданд. Натиҷаҳои ташхисҳои ирсӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳадди ақал сеяки гурӯҳҳои қабилавии кишвар дорои пайванди мустақими генетикӣ бо кишоварзони неолитии маншаи эронии қадим мебошанд. Ҳамзамон, нақши эҳтимолии ин гурӯҳи деҳқонон дар ташаккули генофонди деҳқонони Саразми бостонӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир воқеъ гардидаанд, ҳамчун як самти назарраси робитаи биоэволютсионӣ зикр мегардад.

Дар иртибот ба натиҷаҳои мазкур, мутахассисон фарзияи илмиро матраҳ месозанд, ки бархе аз гурӯҳҳои кишоварзони Форси қадим, ки дар таҳаввули генетикии ҷомеаҳои қабилавии Ҳиндустон саҳмгузор будаанд, эҳтимолан реша дар маданияти Саразми бостонӣ доранд. Саразм яке аз маҳалҳои қадимии дорои нишонаҳои аён ва мустанади урбании неолитӣ ва энеолитӣ дар Осиёи Марказӣ дар пайвасти фарҳангиву ирсии миёни ҳавзаҳои фарҳангии Форсу Ҳинд нақши меҳварӣ бозида, аз рӯи маъхазҳои археологӣ ва намунаҳои остеологӣ, ҳамчун яке аз махзанҳои ташаккули зоои генетикии гуруҳҳои ориёитабор арзёбӣ мегардад. Хусусиятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маросимии мардуми Саразм аз ҷумла кишоварзӣ, кулолгарӣ ва риштаҳои муташаккили табодули минтақавӣ далели амиқи иртиботи таърихии он бо саргаҳи муҳоҷиратҳои баъдинаи гурӯҳҳои ҳинд-форсӣ маҳсуб меёбанд.

Дар натиҷаи омӯзиш муҳаққиқон, инчунин, гуногунии тадқиқотҳои генетикиро, ки аз неандерталҳо ва денисовҳо, ки аз наздиктарин ниёкони одамони имрӯза ба ҳисоб мераванд, ба мерос мондааст, муайян карданд. Илова бар ин, муҳаққиқон муайян карданд, ки қисми зиёди гузинаҳои генетекӣ дар байни аҳолии имрӯзаи Ҳиндустон дар натиҷаи бузургтарин муҳоҷират аз Африқо тахминан 50 000 сол пеш сурат гирифтаанд. Дар ин робита, муҳаққиқон хулосаи илмиро дар сомонаи “bioRxiv”   мунташир карданд.

Дар ин росто, яке аз пажӯҳишгарони асосӣ ва мутахассиси соҳаи генетикаи донишгоҳи Калифорнияи ИМА дар шаҳри Беркли Элиз Кердонкафф дар маҷаллаи электронӣ “Live Science” чунин қайд кардааст: “Аҳолии Осиёи Ҷанубӣ  дар тадқиқотҳои оид ба геномена начандон густарда муаррифӣ шудаанд”. Дар идома мавсуф зикр намудааст, ки  “омӯзиши геномени ҳиндуҳо ба олимон имкон медиҳад, то таърихи Ҳиндустонро беҳтару хубтар омӯхта,  дар бораи раванди  таърихи инсоният маълумоти арзишманд пайдо намоянд”.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳиндустон бо 1.454.214.248  аҳолиаш дар ҷаҳон яке аз кишварҳои сераҳолитарин буда, дар ҳудуди кишвар 4500, аз ҷумла кастҳо, қабила ва гурӯҳҳои мазҳабии аз ҷиҳати антропологӣ дақиқ омӯхташуда сукунат доранд. Вале, новобаста аз чунин гуногунрангии ҷомеа ҳиндуҳо дар тадқиқотҳои илмии оид ба генома ба таври бояду шояд муаррифӣ нагардида, дар тадқиқотҳои илмӣ асосан тамаркуз ба нажоди аврупоӣ кардаанд.

Аз ин хотир, барои тасвири равшантари манзараи тағйирёбандагии генетикӣ дар Ҳиндустон олимон геномҳои ҳазор нафарро мавриди тадқиқот қарор доданд. Синну соли иштирокчиёни тадқиқот аз шаст  боло буд ва онҳо розигӣ доданд, то намунаи хунашонро барои ташхис супоранд.

Дар ин росто, аксарияти ҳиндуҳо аз се гурӯҳи аҷдодӣ: деҳқонони қадими эронӣ, чорводорони авруосиёгӣ ва шикорчиёни ҷануби осиё сарчашма мегиранд. Тибқи иттилои Пария Мурҷонӣ - досенти кафедраи генетика, геномика, эволютсия ва ташаккули Донишгоҳи Калифорния дар Бостон пажӯҳишгарон аллакай муайян намуданд, ки ду гурӯҳи ахир чӣ гуна дар Ҳиндустон пайдо шуданд, вале онҳо чӣ тавр ва кай пайдо шудани тадқиқоти генетикии кишовразони қадими эронӣ дар минтақаро то ба охир таҳқиқ накардаанд.

Бо вуҷуди ин, дар доираи яке аз тадқиқотҳои муосири маҷмуавӣ, ҳайати байналмилалии олимон бо истифода аз методологияи муқоисавии секвенсияи ДНК маълумоти геномии ҳиндуҳои муосирро бо профилҳои ирсии эрониҳои давраи неолитӣ (асри санг) муқоиса намуданд. Натиҷаҳои ин таҳлили амиқи археогенетикӣ нишон доданд, ки компонентҳои муайяни генетикии марбут ба деҳқонони эронии қадим дар генофонди аҳолии имрӯзаи Ҳиндустон то ҳол ҳузур доранд. Муҳимтар аз он, таҳлили пайдарпайии маълумотҳо ба фарзияи илмии нав замина гузошт, ки генофонди мазкур на танҳо ба сарчашмаҳои мустақими эронии неолитӣ иртибот дорад, балки тавассути як шабакаи геогенетикии байниҳамдигарӣ, эҳтимолан аз аҳолии Саразм яке аз нуқтаҳои муҳимми таҳаввули пешазнеолитии Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон интиқол ёфтааст.

Саразм, ки дар водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст, дар баробари маҳзани фарҳангии ғайримоддӣ, ҳамчун як маркази ибтидоии ташаккули ҷомеаи истеҳсолгар, низоми кишоварзии устувор ва технологияҳои ибтидоии металлгудозӣ, аҳамияти вижа касб мекунад. Дар даврони аввали ташаккули он (IV–III ҳазораи пеш аз милод), мардуми Саразм бо минтақаҳои васеи Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва Ҳинд тавассути шабакаҳои табодули молу фарҳанг алоқа доштанд. Мавҷудияти аломатҳои умумии молию маънавӣ миёни бозёфтҳои археологии Саразм ва маҳалҳои қадимии Балуҷистону Панҷоб, инчунин, монандии намудҳои ҷисмонӣ (остеологӣ) ва сохторҳои фарҳангӣ, фарзияи интиқоли тадриҷии гурӯҳҳои генетикӣ ва фарҳангиро аз Саразм ба сӯи Ҳиндустон қобили дастгирӣ менамояд.

Абдуллоҷон Исҳоқов, муҳаққиқи шинохтаи Саразм, бар он аст, ки дар ҳазорсолаи IV-III-и пеш аз милод минтақаҳои аз дарёи Сир то уқёнуси Ҳинд ватани аслии эронинажодҳо буд, ки маҳз онҳо асосгузори фарҳанги кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии Осиёи Марказӣ гардиданд. Ин назари муҳаққиқ собит мекунад, ки Саразм ҳамчун маркази муҳим ва пойгоҳи фарҳангии минтақа нақши асосӣ доштааст.

Дар қатори ороишотҳои нодири ашрофзани Саразм, ду дастпонаи сохташуда аз устухони гӯшмоҳӣ низ ёфт шуд. Ҳарчанд ин дастпонаҳо ҳамзамон ва эҳтимолан аз як шахс буданд, тарзи сохт ва хусусиятҳои онҳо нишон медиҳанд, ки аз дасти ҳунармандони мухталиф баромадаанд. Мантиқӣ аст, ки ин дастпонаҳо дар ҷойҳои баҳрҳои калон ва уқёнусҳо, ки манбаи устухони гӯшмоҳӣ ҳастанд, сохта шудаанд, зеро наздикии Саразм чунин манбаъ вуҷуд надорад. Ҳамчунин, намунаи монанд ба ин дастпонаҳо танҳо дар шаҳраки Моҳанҷодоро дар Ҳиндустон ба даст омадаанд. Аз ин лиҳоз, метавон тахмин зад, ки дастпонаҳои ашрофзани Саразм эҳтимолан тавассути тиҷорат аз минтақаҳои мазкур ба Саразм ворид шудаанд.

Мутолиоти ҳафриётҳои марбут ба шаҳрҳои қадимии Ҳиндустон ва Покистон, мисли Моҳанҷодоро, Ҷонҳудо, Амрӣ, Мундигак, Гумла ва Меҳргар, инчунин, таҳқиқоти мутахассисони хориҷӣ ба мисли Баби Лал (Ҳиндустон), Аҳмад Ҳасан Донӣ (Покистон), Касал, Ҷариш, Анаик Самзун (Фаронса) ва Маккейн, Ферсервис (ИМА) нишон медиҳанд, ки миқдори зиёди ашё ва воситаҳои ороишӣ аз устухони гӯшмоҳӣ дар ин ёдгориҳо ёфт шудаанд. Дар муқоиса, ин гуна ёдгориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Саразм, камтар вомехӯранд, вале мавҷудияти ашёи баҳрӣ дар Саразм нишонаи мавҷуд будани равобити тиҷоратӣ ва рафтуомади савдост, ки он замон низ ба таври густурда рушд мекард.

Аз ин рӯ, метавон тахмин зад, ки гурӯҳҳои кишоварзони саразмӣ, ки дорои сохтори иҷтимоии нисбатан пешрафта ва системаи иқтисодии коркарди замин буданд, на танҳо дар ташаккули равандҳои фарҳангии минтақа, балки дар шаклгирии манзараи генетикии Осиёи Ҷанубӣ низ нақши арзанда доштаанд. Ин фарзия торафт бо дастовардҳои тадқиқоти ДНК-кадими минтақаҳои байнисарҳадӣ тақвият ёфта, сароғозест барои як назарияи нави муҳоҷират ва шаклгирии халқиятҳо дар паҳнои Форсу Ҳинд.

Тавре натиҷаҳои таҳқиқоти васеи илмӣ нишон медиҳанд, таҳаввули таърихӣ ва структураи генетикии мардуми Ҳиндустон то ҳол як мавзуи мураккаб ва нисбатан баҳснок боқӣ мондааст. Ин ҳолат асосан ба он вобаста аст, ки генофонди гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, қавмӣ ва қабилавии қаламрави Ҳиндустон то кунун дар сатҳи васеъ ва пурра омӯхта нашудааст, ки ин хоси мушкилоти ҷуғрофиву фарҳангӣ ва таърихии минтақа мебошад. Бо вуҷуди ин, фарзияҳои илмии пешниҳодшуда аз ҷониби пажӯҳишгарон, ки бо истифода аз методологияҳои муосири геномика ва таҳлили муқоисавии молекулӣ таҳия гардидаанд, заминаи мустаҳкам ва боэътимодро барои рушди тадқиқотҳои минбаъда фароҳам меоранд. Ин дастовардҳо на танҳо имкон медиҳанд, ки равандҳои мураккаби мигративӣ ва омезишҳои генетикии минтақа бо дарки илмии амиқтар таҳқиқ шаванд, балки барои фаҳмиши беҳтари таърихи инсоният ва иртиботи байни тамаддунҳои қадимӣ низ саҳми арзанда мегузоранд.

Таҳқиқоти геномикии аҳолии Ҳиндустон бо истифода аз усулҳои пешрафтаи молекулӣ ва таҳлилҳои фарогири филогенетикӣ нишон доданд, ки таърихи генетикии ин минтақа як равандест мураккаб, ки дар он омезиши таъсироти гуногуни этникӣ, фарҳангӣ ва мигративӣ таҷассум ёфтааст. Аз ҷумла, пажӯҳишҳо собит намуданд, ки як қисми муҳимми генофонди муосири ҳиндуҳо ба гурӯҳҳои кишоварзони қадими эронии минтақа, ки эҳтимолан дар ин саҳифа Саразми Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои ибтидоии тамаддуни неолитӣ ва энеолитӣ нақши калидӣ дошт, иртибот дорад. Саразми Тоҷикистон, ки бо тамаддуни 5500-солааш ба ҳайси яке аз калонтарин ва боқимондаи шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ маъруф аст, на танҳо гӯшаи фарҳангиву иқтисодии минтақа буд, балки ба ташаккули равандҳои геноэволютсионӣ ва паҳншавии аҳолӣ дар қораи Ҳинд ва атрофи он таъсири назаррас гузоштааст. Ин ёдоварӣ таъкид мекунад, ки таҳқиқоти байнисоҳавӣ ва рушди минбаъдаи пажӯҳишҳои геномӣ метавонанд барои дарки амиқтар ва васеътари таърихи инсон ва пайвандҳои он бо тамаддунҳои қадим нақши муассир дошта бошанд.

 Мубирхони Мӯминпур

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.