27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
07.08.2025 13:48

Беш аз 20 ҳазор кам. Дар ним сол 73 ҳазору 792 парванда баррасӣ гардид

Имрӯз, 7-уми август Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби судҳо дар марҳилаҳои якуми кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмуъ 73 ҳазору 792 парванда баррасӣ гардид.

Манбаъ афзуд, ки парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти мавриди баррасӣ қарор гирифта, ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 511 адад кам мебошад.

Дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 7090 парванда нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълими тарбияи кӯдак» баррасӣ гардид, ки дар натиҷа нисбат ба 5692 нафар ҷарима ба маблағи умумии 4 миллиону 222 ҳазору 771 сомонӣ таъйин шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, 615 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима карда гардид.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.