Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳинд мегӯяд дигар ҷангандаҳои радаргурези F-35-ро намехарад
Мақомоти Ҳиндустон пас аз боло гирифтани танишҳо бо ҳукумати Доналд Трамп гуфтаанд, ки ба ҷангандаҳои радаргурези F-35 таваҷҷуҳ надоранд.
Тибқи гузориши расонаҳо Ҳиндустон ба ҷониби амрикоӣ иттилоъ додааст, ки аз хариди ҷангандаҳои F-35 худдорӣ мекунад ва ба ҷои он мехоҳад диққаташро ба лоиҳаҳои муштарак дар заминаи рушд ва истеҳсоли таҷҳизоти ҳарбӣ дар дохили кишвар равона кунад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳукумати Нерандра Модӣ, сарвазири Ҳинд ҳамкорӣ дар истеҳсоли дохилии аслиҳа ва техникаи ҳарбиро нисбат ба хариди ҳавопаймоҳои тайёри хориҷӣ авлотар медонад.
Ин мавқеъ дар ҳоле баён мешавад, ки Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ишора ба тарофаҳои баланди гумрукӣ ва монеаҳои тиҷоратии Ҳинд эълон кард, ки аз 1-уми август барои молҳои ҳиндӣ 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ хоҳад кард. Блумберг менависад, ки ҳукумати Ҳиндустон дар ҳоли баррасии вокуниш ба тасмими Трамп аст, аммо ҳар гуна посухи фаврии интиқомҷӯёнаро рад кардааст.
Ба гуфтаи сарчашмаҳои огоҳ, ки Блумберг онҳоро зикр кардааст, ҳукумати Ҳинд баррасӣ дорад, ки барои ҳифзи робитаҳои тиҷоратӣ, воридоти бештар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла гази табиӣ, таҷҳизоти иртиботӣ ва тилоро афзоиш диҳад, вале ҳич барномаи нави харидани таҷҳизоти дифоиро надорад.
Дар гузориши Блумберг омдааст, Ҳиндустон ба мақомоти амрикоӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди талошҳои пайвастаи Вашингтон барои густариши содироти аслиҳаи ҳарбӣ ба Деҳлӣ, ба ҷангандаҳои F-35 майл надорад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки эҳтимоли тасвиби ҳич нав қарордоди бузурги дифоии нав бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ояндаи наздик вуҷуд надорад.
Ин гузориш меафзояд, ки мақомоти Ҳиндустон аз эълони Трамп дар бораи тарофаҳо рӯзи чаҳоршанбе “шок ва ноумед” шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳукумат мехоҳад музокироти тиҷоратиро идома диҳад ва имконотро барои афзоиши харид аз бузургтарин шарики тиҷоратии худ баррасӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”