27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
07.08.2025 10:04

Ҷаҳон бар зидди ҷанг ва сиёсати гуруснагӣ дар Ғазза эътироз дорад

Дар пайи ҷанги даҳшатбор ва сиёсати гурусна нигоҳ доштани мардум дар Ғазза фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон дархост мекунанд, ки ҷанг қатъ ва расондани кумакҳои фаврии башардӯстона ба Ғазза ирсол шавад.

Ҳафтаи гузашта эътирозгарон дар назди консулгарии Амрико дар шаҳри Истанбул ҷамъ омада, бо алвонҷ додани парчамҳои Фаластин шиор сар зоданд ва блокадаи Ғаззаро, ки боиси гуруснагии оммавӣ шудааст, маҳкум намуданд. Паёми онҳо рӯшан буд: ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд Исроилро барои ҷиноятҳои давомдораш масъул донад.

Дар Сиднейи Австралия даҳҳо ҳазор нафар сарфи назар аз боду борон дар “Роҳпаймоии башардӯстона” дар назди пули машҳури ин кишвар ҷамъ омаданд. Эътирозгарон бо дегу зарфҳо, ки рамзи гуруснагии иҷборӣ дар Ғазза буд, барои оташбас ва расонидани кумакҳои бидуни маҳдудият даъват намуданд. Полис шумори ширкаткунандагонро тақрибан 90, 000 нафар ҳисоб кард, ин дар ҳоле ки ташкилкунандагон мегӯянд, ин рақам то ба 300, 000 нафар расидааст.

Сенатор Саут Уэлс Меҳрин Форуқӣ дар суханронӣ хостори “сахттарин таҳримҳо бар зидди Исроил” шуд ва куштори фаластиниёнро ҷинояте номид, ки набояд бе ҷазо монад. Нависанда Атони Ловенштайн, ки саноати аслиҳаи Исроилро фош кардааст, ҳукумати Австралияро барои ҳамдастӣ тавассути таъмини ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ки дар бомбаборони Ғазза истифода мешаванд, танқид намуд.

Буҳрони башардӯстона дар Ғазза ба сатҳи фоҷеабор расидааст. Аз октябри соли 2023, беш аз 180 нафар, аксаран кӯдакон, аз гуруснагӣ бар асари муҳосираи Исроил ҷон бохтаанд. Неруҳои Исроил тақрибан 900 нафарро дар наздикии марказҳои кумакрасонии бунёди башардӯстонаи Ғазза, ки аз сӯи Амрико ва Исроил ҳимоят мешавад, куштаанд. “Human Rights Watch” ин марказҳоро “доми марг” номидааст.

Трагедия он аст, ки садҳо нафари дигар дар вақти талош барои дастрасӣ ба корвонҳои ғизои Созмони Милали Муттаҳид ҷон бохтаанд. Дар маҷмуъ, ҷанги Исрои дар Ғазза ҷони беш аз 60, 800 фаластиниро гирифт ва гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башари Исроил иттиҳоми наслкуширо, ки дар Суди Гаага таҳқиқ мешавад, тасдиқ мекунанд.

Эътирозҳои ҷаҳонӣ нишонаи он аст, ки мубориза барои ҳуқуқ ва озодии фаластиниён хомӯш нахоҳад шуд. Ин мубориза то расидан ба сулҳу адолат идома хоҳад ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.