Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон масъалаи омодагӣ ба Саммити 2026 –ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Раисони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мулоқоти минтақавие, ки рӯзи 1-уми август дар шаҳри Оқтауи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ширкат намуданд.
Дар ин мулоқот масъалаи омодагӣ ба Саммити экологӣ-минтақавии соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқоти мазкур роҳбарони ниҳодҳои экологии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, муовини вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ранго Раднарагча, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Қазоқистон, Катаржина Ваверня, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Қазоқистон, Дарио Лигутти, директори Кумитаи энергетикаи устувори КЭИК СММ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа консепсияи навшудаи Саммити экологии минтақавии соли 2026 муаррифӣ шуд. Ҳамчунин, нақшаи эъломияи муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши экология ва рушди устувор пешниҳод гардид.
Ҷонибҳо рӯйи усулҳои умумии корӣ созиш намуда ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда тасдиқ намуданд. Ба ташкили рӯйхати ташаббусҳои асосии минтақавӣ, ки метавонанд ба рӯзномаи ҷамъбастии саммит ворид шаванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумлаи ин ташаббусҳо рушди технологияҳои “сабз” ва инноватсияҳои иқлимӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, барқарорсозии экосистемаҳо, аз ҷумла ҳимояи Баҳри Арал ва пиряхҳо, таҳкими чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии самарабахши захираҳои обӣ, рушди иқтисоди даврӣ, пешбурди стандартҳои рушди устувор мебошад.
Дар доираи мулоқот намоишгоҳи стартапҳои сабз, ки бо ширкати барномаҳои акселератсияи сабз GCIP Kazakhstan омода шудааст, доир гардид. Дар он лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самтҳои самаранокии энергетикӣ, коркарди партовҳо, истифодаи оқилонаи захираҳо ва технологияҳои экологӣ пешниҳод гардиданд.
Ширкаткунандагони чорабинӣ омодагии худро барои кору ҳамкории муштарак дар самти омодагӣ ба Саммити экологӣ, ки баргузории он моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Остона ба нақша гирифта шудааст, тасдиқ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”