27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
06.08.2025 17:01

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизи сулҳи ба номи Лев Толстой пешниҳод шудааст

Як бунёди русӣ Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёевро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Лев Толстой пешниҳод намудааст.

Бар асоси иттилоъ, бунёди ҷамъияти байналмилалии “Фонди русии сулҳ” – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои дарёфти ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой номзад намудааст.

Дар ин хусус, хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, афзуд, ки ин ҷоиза барои саҳми назаррас дар таъмини амният ва баробарӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, бунёди ҷаҳони чандқутбӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории миёни халқҳо дода мешавад.

Дар номи раиси Шурои фонди мазкур ва раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Думаи давлатии Русия Леонид Слутский ба ҳайати ҳакамон зикр кардааст, ки 31-уми марти соли 2025 дар нахустин нишасти сарони се кишвар дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва эъломияи Хуҷанд дар хусуси дӯстии абадӣ имзо шуд. Ин санадҳо ба таъмини субот, рушди устувор ва боло бурдани нуфузи байналмилалии минтақа мусоидат мекунанд.

“Фонди ҷамъиятии байналмилалии “Фонди русии сулҳ” пешниҳод мекунад, ки ин рӯйдоди муҳим ва таърихӣ бо пешбарии президентҳои Ҷумҳурии Қирғизистон – Садир Жапаров, Ҷумҳурии Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Л. Н. Толстой таҷлил карда шавад, зеро онҳо саҳими муҳим дар ташаккули ҷаҳони чандқутбӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии миёни халқҳо гузаштаанд”- афзуд Слутский.

Слутский илова кард, ки бо талошҳои ин роҳбарон амният дар фазои Авруосиё таъмин мешавад ва гуфтугӯи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад ва ташаббусҳо барои ташкил намудани фазои бидуни раводид ва боло бурдани ҷозибаи сайёҳии минтақа пайгирӣ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.