Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз беэҳтиётӣ то беназоратӣ. Марги 91 кас дар кӯлу дарёҳои кишвар
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар кӯлу дарёҳои кишвар 89 ҳодисаи ғарқшавӣ сабт шуда, дар натиҷа 91 нафар ҷон бохтаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, 22 нафари ғарқшудаҳо зан (24%) ва 69 каси дигар (76%) мард будаанд.
Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон 11 нафарашон қасди ҷони хеш кардаанд.
Масъулин сабаби сар задани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандонро риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беэҳтиётӣ, беназоратии волидон, садамаи нақлиётӣ, худкушӣ, мастӣ ва ғайра баён доштанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар кишвар аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 41 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр дар ҷойи дуюм вилояти Суғд меистад, ки 17 нафар ғарқ шудаанд. Ҳолати ғарқшавӣ дар ВМКБ 14 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”