Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ талабот ба гази моеъро коҳиш додааст
Дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши шумораи мошинҳои барқӣ коҳиш ёфтани воридоти гази моеъ мушоҳида мешавад. Дар бораи ин масъала Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2025 ба кишвар 176, 9 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18, 5 ҳазор тонна камтар мебошад.
Арзиши миёнаи як тонна гази моеъе, ки имсол ворид шудааст, 685 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад, ки қариб бо нархи ҳамин давраи соли 2024 ба 681 доллар баробар аст. Дар сохтори таъминкунандагон, кишварҳои асосии содиркунандаи гази моеъ Русия (53, 1%) ва Қазоқистон (46, 9%) боқӣ мондаанд.
Ширкатҳои асосии воридкунандаи гази моеъ:
ҶДММ «Темур Ойл» — 27,8% аз ҳаҷми умумӣ;
ҶДММ «Аллат» — 15,1%;
ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистон» — 9,6%.
Дар ҳамин ҳол Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳаҷми воридоти мошинҳои барқӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли 2024 ба кишвар тақрибан 18 ҳазор адад нақлиёти барқӣ ворид карда шуд ва фақат дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ қариб 13 ҳазор адад нақлиёти барқӣ ворид шудааст.
Ҳамин тариқ, то 1-уми июни соли 2025 шумораи умумии мошинҳои барқӣ дар кишвар аз 34 ҳазор адад бештар шудааст. Ба гуфтаи коршиносон, гузариши аҳолӣ ба истифодаи мошинҳои барқӣ ба таври назаррас ба бозори гази моеъ таъсир мерасонад ва талабот ба ин навъи сӯзишвориро коҳиш дода, рушди инфрасохтори нақлиёти барқиро дар кишвар дигаргун менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”