Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арзиши тангаи Қазоқистон дар баробари доллар поин рафт
Дар пасманзари коҳиши қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ, пули миллии Қазоқистон - танга баръакс заифтар мешавад. Бо вуҷуди изҳороти мақомот дар хусуси рушди иқтисодӣ ва рушди содирот қурби танга ба доллар, рубл ва ҳатто соми Қирғизистон поин рафтааст.
Мақомоти расмӣ ин равандро “реаксияи муваққатӣ ба афзоиши ҳаҷми пул ва хароҷоти буҷа” унвон мекунанд, вале мардум беш аз пеш фишори гарони нархҳоро эҳсос менамоянд.
Тибқи гузориши Созмони озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар вақти коҳиши 8,6% нархи ғизо дар ҷаҳон, дар Қазоқистон қимати молҳо афзоиш меёбад ва ҳатто новобаста аз тағйироти бозори нафт бензин гарон мешавад.
Танга, ки дар тӯли 34-соли истиқлоли Қазоқистон беш аз сад маротиба арзишашро гум кардааст, ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз заифтарин асъори ҷаҳон ба шумор меравад. Вобастагии Қазоқистон ба воридот ва иҷозаи расмии хориҷ кардани сармоя аз кишвар иқтисоди давлатро зери фишори доимии девалватсия қарор додааст.
Ҳукумати Қазоқистон бо идомаи сиёсати девалватсионӣ ва иҷозаи хуруҷи сармоя кишварро ба модели иқтисоди колониявӣ ворид намудааст. Дар чунин вазъ, мардум маҷбуранд, ки зиндагии рӯзмарраро бо нархҳои рӯ ба афзоиш ва маоши маҳдуд паси сар кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”