27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
05.08.2025 10:47

Аббос Ироқчӣ: “Ҷанги ривоятҳо аз ҷанги воқеӣ сахттару муҳимтар аст”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, “журналистон ривоятгари он чизе ҳастанд, ки дар майдон рух медиҳад ва ҳама медонанд, ки ин рӯзҳо ҷанги ривоятҳо шояд аз воқеӣ сахттар ва муҳимтар бошад”.

Сайид Аббос Ироқчӣ ба муносибати гиромидошти рӯзи хабарнигорон гуфт, ки Рӯзи хабарнигор ба ёди шаҳид Сормӣ номгузорӣ шавад, зеро шаҳид Сормӣ дар канори дипломатҳо ба шаҳодат расид. Ӯ гуфт, майдон, дипломатия ва расонаҳо дар канори якдигар қарор доранд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон афзуд, хабарнигорӣ кори бисёр сахт аст ва хабарнигор ривоятгари он чизе мебошад, ки дар майдон рӯй медиҳад: “Ривоятҳо ҳоло муҳиманд ва муҳим он аст, ки чӣ ҷанги ривоятҳоро бурдааст. Ин рисолатест, ки хабарнигор ба уҳда дорад. Он касе ривояти худро ғолиб мекунад, ки ривояти аввалро пешниҳод карда бошад. Мо ба аҳамияти кори хабарнигор эътироф мекунем”.

Ӯ гуфт, рӯзе ки “Садо ва симо” бомбаборон шуд, фикр мекард, ки садои Эрон қатъ мешавад, “вале баръакс шуд”. Аббос Ироқчӣ гуфт: “Ҷамъе аз дипломатҳои мо ва хабарнигорони Ирна бо ҳам ба шаҳодат расиданд. Он нуктае, ки ман борҳо гуфтам, ки майдон, дипломатия ва расонаҳо дар канори ҳам мебошанд, нуқтаи атфи ҳодисаҳои Мазори Шариф аст, ки дипломатҳо ва хабарнигорон дар канори ҳам дар майдон ҳузур доштанд ва шаҳид шуданд, вале хабарнигорон аз мо зирактар буданд ва рӯзи 8-уми августро ба номи хабарнигор гирифтанд ва рӯзи дипломатия ақиб монд. Ҳоло бояд рӯзи дигареро барои рӯзи дипломатия пайдо кунем, албатта фарқ намекунад, хабарнигорон ривоятгари он чизанд, ки дар майдон рӯй медиҳад ва ҳама медонанд, ки ин рӯзҳо ҷанги ривоятҳо шояд аз ҷанги воқеӣ сахттар ва муҳимтар бошад”.

Дар идомаи суханронӣ Аббос Ироқчӣ аз хонаводаи шаҳид Нимо Раҷабпур, аз шаҳидони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бинои шишагини Садо ва симо тақдир кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.