Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон дар ним сол дар ҳаҷми 3,78 миллиард доллар маҳсулот ворид кардааст
Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти молу маҳсулотро ба 3,78 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, сабаби асосии афзоиши воридот дар навсозии истеҳсолот, пешбурди лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ ва боло рафтани қобилияти харидории сокинон мебошад.
Дар сохтори воридот, хусусан, маҳсулоти зерин мақоми муҳим доранд: маводи ғизоӣ, воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ, таҷҳизоти технологӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чӯбу тахта, газ, нуриҳо ва маҳсулоти полиметрӣ.
Ба таъкиди коршиносон ҳадафи афзоиши воридот ҳимояи саноати дохилӣ ва таъмин кардани бозори кишвар бо маҳсулоти зарурӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”