Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Эълони муҳорибаи муҳим ва тавсия. Ҳабиб Нурмагомедов чӣ гуфт?
Варзишгари бебохт, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов дар мусоҳибаи охираш гуфт, ки Ислом Махачев кай ба майдон мебарояд.
Ҳарчанд то ҳол ташкилоти UFC муҳорибаи навбатии собиқ чемпион дар вазни сабук Ислом Махачевро расман эълон накардааст, вале шоми гузашта Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ки муҳорибаи Махачев ва Ҷек Делла Маддалена барои камарбанди чемипионӣ дар вазни ниммиёна 15-уми ноябри соли ҷорӣ доир мегардад.
Дар ин росто, чанд рӯз пеш худи Ислом Махачев низ дар як суҳбати сарироҳӣ гуфта буд, ки моҳи ноябр ба майдон мебарояд.
Агар Мачахев Ҷек Делла Маддаленаро шикаст диҳад, пас дар ду вазн чемпион мешавад ва камарбанди чемпиониро ба гардан меовезад.
Ҳамчунин, Ҳабиб Нурмагомедов доир ба корномаи варзишӣ ишора карда, ба варзишгарони муҳорибаҳои омехта тавсия дод, ки беҳтараш то 35-солагӣ муҳориба гузаронанд ва пас аз он корномаашонро қатъ кунанд, зеро баъди ин синну сол дигар ҷангидан танҳо ба хотири пул аст.
Дар ин маврид ба Ислом Махачев ишора намуда, гуфт, ки ӯ ҳам имсол 34-сола мешавад ва шояд 1-2 соли дигар вақт дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки худи Ҳабиб Нурмагомедов соли 2021 дар 32-солагӣ корномаи варзишиашро қатъ кард ва ҳоло ҳамчун мураббӣ фаъолият мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”