Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ректор гуфт, донишҷӯёни хориҷӣ бештар дар кадом ихтисосҳо таҳсил мекунанд
Сатторзода Бобоҷон, Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ, ки 30-юми июли соли 2025 баргузор шуд, дар бораи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳи зертобеаш, ки хабарнигори Dialog.tj пурсон шуд, посух дод.
Мавсуф гуфт, ки дар донишгоҳ донишҷӯён аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, ки аксарашон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. “Донишҷӯёни хориҷӣ бештар аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон, молия ва иқтисоди молиявӣ ва бонкӣ таҳсил мекунанд”, гуфт Сатторзода Бобоҷон.
Раёсати донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ таълимро бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Донишҷӯёне, ки тариқи квотаи байниҳукуматӣ аз Туркманистон ба донишгоҳ дохил шудаанд, ройгон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Барои таҳсили соли нави хониши 2025-2026, ки аз рӯи нақшаи муаяйни қабули донишҷӯёни донишгоҳ 2757 нафарро ташкил медиҳад, дар марҳилаи аввали қабули донишҷӯён, ки тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад, ба донишгоҳи мазкур 1884 нафар, ки 70 фоизро ташкил мекунанд, дохил шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”