Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ним сол дар Тоҷикистон 11 кас худкушӣ карда ва 91 нафар ғарқ шудаанд
Дар ним соли аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 91 ҳодисаи ғарқ шудан дар обанборҳо ба қайд гирифта шуда, 91 нафар ҳалок шудаанд. Ин хабар дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда дар миёни ҳалокшудагон 22 зан ва 69 мард мебошанд. Дар вилояти Хатлон шумораи бештари ҳалокшудагон 41 нафар сабт шудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 14 нафар, дар вилояти Суғд 17 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар ғарқ шудаанд.
Бар асоси синну сол афроди ҳалокшуда то 4-сола 10 нафар, аз 5 то 10-сола 18 нафар, аз 11 то 16-сола 17 нафар, аз 17 то 35-сола 30 нафар, аз 35-сола боло 16 нафар мебошанд.
Ба гуфтаи Раҳмоналӣ Раҷабзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар давраи зикршуда кормандони Кумита 20 нафарро аз ғарқ шудан наҷот додаанд.
Бар асоси ҳисобот омилҳои марг ба таври зерин ҷудо шудаанд: 18 нафар бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд, 15 нафар бар асари беэҳтиётӣ, 4 нафар ба хотири набуди назорати волидайн, 12 нафар дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ, 11 нафар худкушӣ кардаанд, 3 нафар дар ҳолати мастӣ будаанд ва 8 нафар бо сабабҳои номаълум ҷон додаанд.
Кумита ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки дар вақти наздик будан дар назди обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ба фарзандони худ ин қоидаҳоро ёдрас шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”