Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳалокати шаш кас ва беш аз 19 миллион сомонӣ зарар. Ҳисоботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
Имрӯз, 4-уми август Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабар дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 222 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 78 ҳодисаи селфароӣ, 18 боришоти борон, 51 ҳодисаи тармафароӣ, 6 ҳолати баландшавии сатҳи об, 21 ҳодисаи сангрезӣ, 19 заминларза, 6 ҳолат фаромадани ярч, 17 ҳолати вазиши шамоли сахт, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳодисаи боришоти барфи зиёд ва 1 ҳодисаи хунукии сахт ба амал омадааст.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки зарфи нимсол зарари ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 млн 655 ҳазору 300 сомониро ташкид додааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ин давра дар пайи ҳодисаҳо 676 хона истиқоматӣ пурра ва ё қисман хароб гардида, 161 бинои ёрирасон, 12 мактаб, 21,6 километр роҳ ва дигар иншооти хароб гардидааст.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ шаш нафар ба ҳалокат расиданд, ки гуфта мешавад се нафар бар асари тарма, ду нафар бар асари зарбаи барқ ва як нафар бар асари заминларза ҷон бохтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”