Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
В Казахстане создан центр по борьбе с дезинформацией
Дар сохтори Хадамоти коммуникатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон маркази мубориза бо иттилооти дурӯғ ба фаъолият оғоз намуд.
Ин сохтори нав ба ҳайси унсури муҳим дар таъмин намудани ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти иттилооти саҳеҳ муҳим арзёбӣ мешавад.
Вазифаҳои асосии марказ аз инҳо иборат мебошанд: ошкор ва рад намудани иттилооти бардурӯғ, таъмин намудани шаҳрвандон бо иттилооти дақиқ ва санҷидашуда оид ба мавзуъҳои муҳимми рӯз, рушди фарҳанги истеъмоли масъулонаи иттилоот ва ғайра.
Дар шароити сершумори ахбор, ки бо иттилооти пуртазод ва ғалат пур шудааст, қобилияти фарқгузорӣ миёни воқеият ва таҳриф, махсусан, муҳим дониста мешавад.
Маркази нав нақши воситаи “навигатсионӣ” ё роҳнамоиро дар миёни мавҷи иттилоот иҷро хоҳад кард. Фаъолияти он бо ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, коршиносон, рӯзноманигорон ва худи шаҳрвандон сурат мегирад.
Ба гуфтаи масъулон ташкили чунин марказ қадами мантиқӣ дар самти ташаккули муҳити устувори коммуникатсионӣ буда, бар асоси далелҳои воқеӣ, масъулият ва эътимод ба иттилоот асос ёфтааст.
Марказ ҳамчунин, таҳлили мунтазами фейкҳо, намунаҳои таҳриф ва изҳороти коршиносиро оид ба мавзуъҳои баҳсбарангези иттилоотӣ нашр хоҳад кард.
Фаъолияти марказ ҳамзамон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии расмӣ ва бо забони содаву фаҳмо муаррифӣ мешавад, то равандҳои мураккаби иттилотиро ба таври рӯшан шарҳ диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Қазоқистон ҷаримаҳо барои нашр намудани ахбори бардурӯғ дар расонаҳо ва интернет муқаррар шуда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”