27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
04.08.2025 10:48

Тасвирнигораи Рустам бо деви ҳафтсар чун рамзи муқовимат бо Амрико дар Теҳрон қомат афрошт

Тасвири девории нав дар Майдони инқилоби шаҳри Теҳрон ба намоиш гузошта шуд. Ин тасвири қаҳрамонии миллии Эрон - Рустам дар мубориза бо аждаҳои чандсар аст, ки ҳамчун рамзи муқовимат бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасвир шудааст. Мақомоти эронӣ ин тасвирро рамзи муқовимат бар зидди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муаррифӣ кардаанд.

Дар болои ин деворнигора бо ин мазмун “Бихон ба номи Эрон, ки душманшикан аст” навишта шудааст.

Ин шеъри рамзӣ ба сабку забони “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ҳамосасарои эронӣ таълиф шуда, бо муҳтавои миллӣ, қаҳрамонӣ ва муқовимат ҳамоҳангии рамзӣ дорад.

Рустам яке аз шахсиятҳои асосии “Шоҳнома” ва рамзи ҷасорат, вафодорӣ ва неруи миллист, ки дар баробари душманону девҳо ва хиёнаткорон мубориза мебарад. Дар ин рӯнамо муборизаи Рустам бо аждаҳо ба таври рамзӣ муқовимати Эрон бар зидди Амрикоро таҷуссум мекунад.

Дар поёни деворнигора ин ҷумла аз суханони роҳбари Инқилоби Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ навишта шудааст: “Худои мутаол нусратро барои миллати Эрон тазмин кардааст”. Ин суханонро роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар охирин мулоқоташ бо мақомоти судии ин кишвар баён карда буд.

Ин деворнигора ё тасвир дар шароите рӯнамоӣ шуд, ки танишҳои сиёсӣ ва идеологӣ миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз ҳам афзоиш ёфт. Иёлоти Муттаҳида дар чанд соли ахир бар зидди Эрон таҳримҳои густурдаи иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нафт, бонкдорӣ ва ҳатто доруворӣ ҷорӣ кард.

Хуруҷи Доналд Трамп аз созишномаи атомӣ ва амалӣ кардани сиёсати фишори максималӣ назари мардуми Эронро нисбат ба сиёсатҳои Амрико тағйир додааст.

Ҳузури густурдаи Амрико дар Ховари Миёна, ҳампаймонӣ бо Исроил дар ҷангҳои Ғазза, Лубнон ва Эрон нигарониҳоро бештар кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.