Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Душанбе масъалаи мубориза бо қочоқи инсонро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 30-31-уми июли соли ҷорӣ Конфронси минтақавӣ зери унвони “Тақвияти ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо савдои инсон” баргузор гардид.
Ин нишаст аз сӯи Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо савдои одамон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) баргузор шуд.
Дар ин хусус маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр кард, ки конфронс дар доираи талошҳо барои тақвияти вокуниши минтақа ба мушкили савдои инсон ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт ташкил шудааст. Ин конфронс бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои инсон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо барпо гардид.
Мақсади асосии конфронс таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, густариши ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати беҳтарсозии чораҳои муқобила бо ҷиноятҳои вобаста ба савдои инсон мебошад.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти расмӣ, ҳамоҳангсозони Эъломияи Бухоро, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои донорӣ ширкат намуданд.
Ширкааткунандагон таҷрибаи миллии худро дар самти муқовимат бо савдои инсон муаррифӣ карда, таҳдидҳои ҷорӣ дар ин самтро мушаххас намуданд ва тавсияҳои муҳиммеро омода карданд, ки ба беҳтар шудани имконияти ҳамкориҳои тафтишотии байнидавлатӣ равона шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”