Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Мегафон Тоҷикистон” ташаббусҳои фарҳангӣ дар Бадахшонро дастгирӣ мекунад
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир-инвест 2025” ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ва Федератсияи волейболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон созишномаи нави ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ҳадафи он ҳимояти ташаббусҳои варзишӣ ва рушди тарзи ҳаёти солим дар минтақа аст.
Ҳуҷҷатро директори генералии “Мегафон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва раиси Федератсияи волейболи ВМКБ Алишер Мирзонабот дар маросими расмӣ имзо карданд.
Бар асоси мувофиқа ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки лоиҳаҳои муштаракро дар самти дастгирии дастаҳои волейболи мардона ва занона амалӣ намоянд. Ҳамчунин, ба варзишгарони боистеъдод аз минтақа шароити бештар фароҳам созанд.
“Дастгирии ташаббусҳои варзишӣ дар минтақаҳои кишвар ҷузъи муҳимми рисолати иҷтимоии мост. Мо аз оғози ин ҳамкории нав бо Федератсияи волейболи Бадахшон шодем ва умед дорем, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими варзиши оммавӣ ва тарбияи ҷавонони солим мусоидат мекунад”- гуфт Анатолий Изюмников.
Ба гуфтаи масъулони ширкат “Мегафон Тоҷикистон” ҳамкории онҳо фақат ба волейбол маҳдуд намешавад. Ин ширкат қаблан мусобиқаи кӯдаконаи “Мегафон Лайф дар сабки футбол” –ро роҳандозӣ карда буд, ки ҳазорон кӯдакро аз ҳамаи гӯшаву канори кишвар ба худ ҷалб намуд. Бозиҳои ниҳоии ин мусобиқа 20-уми июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардиданд.
Ин ширкат ҳамзамон бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории фаъол дошта, соли дуюм аст, ки якҷо лоиҳаҳои варзиширо татбиқ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”