Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷазо кам аст? Дастгиру ҳабс шудани боз як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боз аз дастгир кардани фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Дар хабарномаи Раёсати ВКД дар ш. Душанбе омадааст, ки Давлатова Фирӯзамоҳ, сокини 41-солаи ш. Душанбе, муддатест дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро таъсис дода, ба фаъолияти "бологер"-ӣ машғул аст. Номбурда мунтазам зимни пахши мустақим амалҳои ба иффату покдомании зан-модар иснод оварда, ҳамзамон бо вайрон намудани қоидаҳои забони адабӣ ва алфози қабеҳ навор нашр мекард.
Манбаъ менависад, ки бо вуҷуди чанд маротиба огоҳ намудан, Давлатова Фирӯзамоҳ амалҳои нодурусти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ такрор кардааст.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатова Ф. аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар ш. Душанбе протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суд ирсол гардид. Бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки баробари дастгиру ҳабс шудани Давлатова Фирӯзамоҳ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Фирӯзаи бренд” маъруф аст, фаъолони фазои маҷозӣ иловатан ӯро интиқод карда, ҷазои пешбинишударо кам ва осон арзёбӣ карданд, зеро ба андешаи шарҳнависон ӯ дар наворҳояш шаъну шарафи зан-модари тоҷикро паст зада, рафтору гуфтори носолим доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”