Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мавқеи рамзкорони тоҷик дар раддабандии UFC. Кӣ пешсаф аст?
Дар ҳоли ҳозир чор варзишгари тоҷик дар ташкилоти бонуфузи UFC баромад мекунанд. Инҳо Муҳаммад Наимов, Муин Ғафуров, Лоиқ Раҷабов ва Нуралло Алиев мебошанд.
Бояд бигӯем, ки варзишгарони тоҷик аз соли 2023 дар UFC баромад карда, фаъолтарини онҳо Муҳаммад Наимов буда, то ҳол шаш муҳориба гузаронида, дар панҷтоаш ғолиб омадааст. Дар ин росто, чанд маротиба мешавад, Муҳаммад Наимов эълон мекунад, ки мехоҳад рақиби навбатиаш аз рӯйхати топ-15 бошад.
Маҳз ба ин хотир, ҳоло мо мебинем, ки мавқеи размкорони тоҷик дар радабандии UFC чӣ гуна аст ва кадоме аз онҳо имкони бештар барои ба рӯйхати топ-15 баромаданро доранд.
Муин Ғафуров (20-6) дар вазни то 61 кило баромад мекунад ва дар рейтинги ин вазн дар ҷойи 32-юм қарор дорад.
Муҳаммад Наимов (13-3) дар вазни то 66 кило баромад мекунад ва дар рейтинги ин вазн дар ҷойи 29-ум қарор дорад.
Лоиқ Раҷабов (18-6) дар вазни то 70 кило баромад мекунад ва дар рейтинги ин вазн дар ҷойи 47-ум қарор дорад.
Нурулло Алиев (10-0) дар вазни то 70 кило баромад мекунад ва дар рейтинги ин вазн дар ҷойи 42-юм қарор дорад.
Мантиқан аз миёни чор размкори тоҷик аз ҳама бештар имконияти Муҳаммад Наимов зиёд аст, аммо варзишро пешгӯӣ карда намешавад, зеро як ҷароҳат метавонад чанд моҳу чанд сол варзишгарро аз майдон дур кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”