27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
02.08.2025 09:09

Вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи Хатлон беҳтар мегарданд

“Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027”, дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҳадаф аз барномаи мазкур беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   мебошад.

Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур ба ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил равона гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” ду марҳиларо дар бар мегирад. Барнома аз се замима иборат аст: Якум, сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Дар марҳилаи дуюм бошад, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд. Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёнае, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.