27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
01.08.2025 16:23

Дар Тоҷикистон талоқ кам шуда, зӯроварӣ дар оила афзудааст

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи нимсолаи аввали соли 2025 –ро нашр кард, ки дар он масъалаи ҳимояи оила, дастгирии занон ва пешгирии зӯроварӣ инъикос шудааст.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумита гуфт, ки шумораи талоқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шуда, вале шикоятҳо нисбат ба зӯроварӣ дар оила афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ҳисоботи Кумита аз моҳи январ то июн беш аз 206 ҳазор чорабинӣ доир гардидааст, аз ҷумла 430 ҳазор суҳбати фардӣ бо оилаҳо, 3847 аксия дар маҳалҳо ва 975 чорабинӣ дар мактабҳо.

Шумораи муроҷиаткунандагон оид ба зӯроварӣ дар оила аз 1844 дар соли 2024 ба 2121 дар соли 2025 расид. Аз ин шумора 1763 шикоят нисбат ба мардон ва 251 нисбат ба занон рост меояд.

Ҳамзамон, шумораи талоқҳо аз 4408 ҳолат дар соли гузашта ба 4117 ҳолат кам шудааст. Шумораи кӯдакони зарардида аз ҷудошавии волидайн низ бо 402 ҳолат камтар шудааст.

Омили дигари нигаронкунанда афзоиши хӯдкӯшӣ дар миёни духтарони ноболиғ аст. Шумораи духтарони ноболиғе, ки даст ба худкӯшӣ мезананд, аз 24 то 30 ҳолат афзоиш ёфтааст.

Дар доираи барномаҳои дастгирии соҳибкории бонувон бо дастгирии Президенти Тоҷикистон дар соли 2024 120 лоиҳа ба маблағи 5 миллион сомонӣ ва дар соли 2025 200 лоиҳа ба маблағи 15 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Кумита дар 6 моҳи ахир 843 рейд барои мубориза бо хуруфот, ифротгароӣ ва ҷудошавӣ 1345 семинари омӯзишӣ, 1195 озмун ва аксия, 114 фестивал ва 263 мизи гирд ташкил намудааст.

Ҳамчунин, дар пойтахт аз моҳи март то май маъракаҳои фарҳангии “Мо либоси тоҷикӣ мепӯшем” ва “Зан-рақами покӣ” доир гардиданд.

Бо вуҷуди ин, дастовардҳо, беш аз 29 ҳазор зан расман бекор сабт шудаанд.

Кумитаи мазкур таъкид намудааст, ки кори фаъолонаи худро дар самти ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва густариши барномаҳои дастгирии занон идома хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.