27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
01.08.2025 15:51

Амрико: Мо омодаи музокира ҳастем. Тӯб дар майдони Эрон аст

Томми Пиготт, муовини сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар посух ба изҳороти Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Вашингтон барои музокира омода аст, вале тӯб дар майдони Эрон қарор дорад.

Тибқи гузориши расонаҳо Томми Пиготт рӯзи панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт: “Мехоҳам таъкид кунам, ки Иёлоти Муттаҳида барои музокира бо Эрон омодааст. Эрон имкони кӯтоҳ дорад, аммо ҳоло тӯб дар майдони Эрон аст. Мо интизор мемонем, ки онҳо чӣ тасмим мегиранд”.

Ин суханон дар посух ба мусоҳибаи ахири Ироқчӣ садо дод, ки дар он дипломати аршади эронӣ гуфта буд: “Иёлоти Муттаҳида бояд пеш аз оғози ҳар гуна музокироти атомӣ масъулияти ҳамлаҳои ахир ба марказҳои атомии Эронро бар дӯш гирад ва ҷубронпулӣ пардохт кунад”.

Дипломати амрикоӣ Томми Пиготт дархости Теҳронро “масхаромез” хонда, афзуд, ки “Ҳар гуна дархости ҷуброни молиявӣ аз Иёлоти Муттаҳида аз ҷониби давлати Эрон масхаромез аст. Агар Эрон воқеан мехост захира кунад ва таҳримҳоро коҳиш диҳад, бояд рафтори бесуботкунандаро бас мекард ва аз пешбурди барномаи атомӣ даст мекашид”.

Изҳороти ҷониби амрикоӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки музокироти эҳтимолӣ дар бораи эҳёи созишномаи атомии соли 2015 (Барномаи ҷомеаи иқдоми муштарак) то ҳол ба номуайянӣ рӯ ба рӯ аст. Эрон таъкид дорад, ки эҳёи созиш бояд бо бардошта шудани таҳримҳо ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ ҳамроҳ бошад.

Вашингтон дар гузашта низ гуфта буд, ки роҳи дипломатӣ барои Эрон боз аст, вале амалҳои Теҳрон дар минтақа ва густариши Барномаи атомӣ монеаи ҷиддӣ барои рушди музокирот шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.