27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
01.08.2025 11:17

Полиси Душанбе як шаҳрванди Покистонро барои қаллобӣ боздошт кард

Як шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо номи Гилл Довуд аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми даст доштан дар як қатор ҳолатҳои қаллобӣ боздошт гардид.

Шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо номи Гилл Довуд аз ҷониби полиси шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан ба як қатор ҳолатҳои қаллобӣ боздошт гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тибқи иттилои мақомот Гилл Довуд бо пешниҳоди бардурӯғ ба шаҳрвандони Душанбе муроҷиат карда, ваъда дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ раводид ба кишварҳои аврупоиро таъмин хоҳад кард. Ба ҳамин васила ӯ маблағҳои бузургро аз шаҳрвандон бо баҳонаи анҷоми кор гирифтааст.

“Пас аз гирифтани пулҳо ӯ уҳдадориҳояшро иҷро накарда, маблағҳоро барои манфиатҳои шахсиаш истифода кардааст”- зикр шудааст дар иттилоияи полиси Душанбе.

Дар айни замон нисбат ба гумонбаршуда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад. Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки агар аз амалҳои ин шахс зарар дида бошанд, муроҷиат намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.