Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо фасод мубориза мебаранд
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии муқовимат бар зидди коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Ин мулоқот дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва Ёддошти тафоҳум барои солҳои 2024-2025 сурат гирифт, ки қаблан миёни ду ниҳод ба имзо расида буд.
Бар асоси иттилоъ дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки сатҳи баланди ҳамкориҳои стратегии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи мусоид барои тақвияти муборизаи муштарак бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии фаромиллӣ фароҳам кардааст.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар асоси санадҳои амалкунандаи ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар бахши зиддикоррупсионӣ зикр карданд.
Ҳамчунин, дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузор кардани семинари омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин чорабинӣ ба шиносоии меҳмонони ботаҷриба ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сиёсати зиддикоррупсионӣ равона шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”