Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Як моҳ давом мекунад. Ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе оғоз шуд
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1-ум то 31-уми август дар ноҳияҳои пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки тӯли моҳи август сокинон аз соати 9:00 то соати 17:00 метавонанд аз маконҳои муқарраргардида либосҳои мактабӣ ва ашёи хонишро харидорӣ намоянд.
Тибқи иттилои дастрас, ярмаркаҳо дар Маркази савдои “Панҷшер”, ҶДММ МС “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола”, ҶСК “Гулистони Душанбе”, кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ 10 (назди Маркази савдои “Садбарг” ва “Шукрона”), кӯчаи Айнӣ 307/5, Маркази савдои “Ховарон”, Маркази савдои “Гелос” кӯчаи А. Лоҳутӣ 4/33, ҶДММ бозори “Корвон”, ҶДММ бозори “Корвон плюс”, ҶДММ “Фаёз-2015”, ҶДММ “Дунёи нав АСК”, ҶДММ ИИ “Нассоҷии Тоҷик”, Маркази савдои “Ганҷина” ва ҶДММ “Сафариён” (дохили бозор) гузаронида мешаванд.
Гуфтан мумкин аст, ки масъалаи гарон будани нархи либос ва лавозимоти мактабӣ ҳар сол ба миён меоянд ва аз ин сабаб қарори ташкили ярмаркаҳо аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 28 уми июли соли 2021 ба имзо расида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”