Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Убайдуллозода Асрор: Ба донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ҳастанд, ба хобгоҳ таъмин мекунем.
“Имрӯз донишгоҳ ва зерсохторҳои он омода ҳастанд, ки донишҷӯёне, ки барои таъмини хобгоҳ муроҷиат мекунанд, бо хобгоҳ, ки дорои шароити муосир барои донишҷӯёнаш фароҳам оварда шудааст, таъмин менамоем”, гуфт Убайдуллозода Асрор, ректори Донишгоҳи байналмиллаи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзааш, 29 июли соли 2025 баргузор гашт.
Ректори донишгоҳ мазкур дар идомаи посухи худ ёдовар шуд, ки дар давраи аввали қабули довталабон, ки тариқи Маркази милли тестӣ анҷом ёфт, ба донишгоҳ 3235 донишҷӯ дохил шуд, ки албатта аксари донишҷӯён аз деҳот ва ноҳияҳои дурдаст ҳастанд ва на ҳамаи онҳо дар шаҳри Душанбе ба ҷои хоб доранд. “Мо барои таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар донишгоҳ ягон мушкилӣ надорем, зеро донишгоҳ дорои 5 хобгоҳ мебошад. Илова бар ин дигар хобгоҳе, ки бахшида ба 35 солагии истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор мегирад, дар доираи маркази рушди малакаҳо ва имкониятҳои бакор таъминкунӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми шароитҳо дар хобгоҳ муҳайё карда шудааст, “ гуфт Убайдулло Асрорзода.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”