27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
31.07.2025 15:32

«Тоҷик Эйр» ба баҳси тулонӣ бо ширкати «Skyroad Leasing» хотима дод

“Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр" ба баҳси судии тӯлонӣ, ки бо ширкати литвагии UAB «Skyroad Leasing» дошт, нуқта гузошт. Сабабҳои ҳамакнун дар гузашта сард гаштани  муносибатҳои ду ширкати ҳавопаймоӣ -ҶСК «Тоҷик Эйр» ва  UAB «Skyroad Leasing” ин пайдо шудани баҳси судӣ ба хотири напардохтани маблағи аз рӯи шартномаи иҷораи басташудаи ҶСК "Тоҷик Эйр” буд”, гуфт Парвиз Шодмонзода, директори ҶСК “Тоҷик-Эйр" дар нишасти хабарии ин ширкат.  

Зимни идомаи суҳбаташ дар ин мавзӯъ аз оғози ба миён омадани норозигии тарафҳо ёдовар шуда, илова кард, ки соли 2009 дар байни ҶСК "Тоҷик Эйр" ва UАЕ «Skyroad Leasing» ду шартномаи ба иҷораи гирифтани ҳавопаймои Boeing 737 ва 500 ба имзо расида буд. ҶСК "Тоҷик Эйр" ин ҳавопаймоҳоро то моҳи майи соли 2013 барои иҷрои парвозҳои байналмилалӣ истифода мекард. Пас аз он ҶСК “Тоҷик Эйр" натавонист, ки маблағи иҷораи ин ҳавопаймоҳоро пардохт кунад ва бо ин сабаб ширкати UAB «Skyroad Leasing» иҷрои парвозҳоро бо ин ду ҳавопаймо боз дошт.

“Тибқи ҳалномаҳои судӣ, то аввали соли 2018 қарзи умумии ҶСК "Тоҷик Эйр" дар назди ширкати UAE “Skyroad Leasing" $ 23 млн ташкил дода, ҳамасола аз рӯи ин маблағҳо фоизҳо ва ҷаримаҳо ситонида мешуданд. Дар натиҷаи баҳсҳои судӣ соли 2024 қарзи умумии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroac Leasing» ба $ 36,6 млн расид. Давоми соли 2024 роҳбарияти нави ҶСК «Тоҷик -Эйр» бо роҳбарияти ширкати UAB «Skyroad Leasing» вохӯрӣ ва гуфтушунид ба анҷом расонид ва дар натиҷаи ба мувофиқа расидани тарафҳо 8 январи соли 2025 созишномаи оштӣ баста шуд, ёдовар шуд Парвиз Шодмонзода.

Тибқи иттилои дарёфтӣ дар мурофиаи судӣ, ки 21 майи соли 2025 дар Суди арбитражии шаҳри Маскваи Федератсияи Россия бо иштироки тарафҳо баргузор шуда,  Созишномаи оштии байни ҳарду ширкат тасдиқ гардид. ҶСК «Тоҷик Эйр» маблағи ҳисоббаробаркуниро ба суратҳисоби бонкии UAB «Skyroad Leasing» интикол дод ва ду ҳавопаймо -Боинг-737 ва 500 ба моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» супорида шуд.

ҶСК «Тоҷик Эйр» баъди аз байн бурдани қарзҳои калон аз ширкати "Skyroad Lcasing” фаъолияти худро дар сатҳи байналмилалӣ аз нав оғоз намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ду ҳавопаймои зикршуда, то соли 2025 ба моликияти ширкати UAB "Skyroad Lcasing” мансуб буданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.