27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
31.07.2025 15:24

Солеҳа Холмаҳмадзода: Аз ҷониби Корея 800 квота пешниҳод гардид

“Дар доираи татбиқ намудани ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Маркази IFC дар Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуда, ба ҷумҳурии Тоҷикистон 800 квота ҷудо кардааст. Бо назардошти он, яке аз талаботи ҷониби корфармо донистани забони кореягӣ мебошад ва фаъолият дар ин самт густариш ёфта, довталабони кор дар Корея ва омӯзиши забон ва касбҳои мавриди талабот ҷалб карда шуданд”, гуфт Солеҳа Холмаҳмадова, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза, 20 июли соли 2025 дар бинои вазорат баргузор гашт. 

Вазир дар робита ба ин мавзӯъ илова намуд, ки аз 31 нафар довталабоне, ки забони кореягиро аз худ намуданд, 26 нафарашон аз санҷиш гузаштаанд ва омода кардани гурӯҳи дуюм пешбинӣ шудааст. “Ҷониби Корея пешниҳод карданд, ки айни ҳол барои мо касбҳои кафшергарӣ ва донситани забон лозим аст. Агар корфармоён аз ҷониби кишвари мо дархост кунанд, эҳтимолияти равон кардани занҳо низ мешавад,  гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.