27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
31.07.2025 13:44

Трамп ба Путин 10 рӯз муҳлат дод, то ҷанг дар Украинаро поён диҳад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба Русия муҳлати 10 рӯза таъйин кард, то ба ҷанги дарозмуддат дар Украина хотима диҳад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати иҷро нашудани талабот таҳримҳои нав ва боҷи гумрукии шадид ба зидди Русия ва кишварҳои ҳамкори он, аз ҷумла Чину Ҳинд ҷорӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои Рейтерз, ин изҳорот рӯзи сешанбе дар ҳошияи як нишасти матбуотӣ садо дод. Трамп гуфт, ки аз рафтори Президенти Русия Владимир Путин ноумед шудааст ва муҳлати пешини 50-рӯзаи хотима додан ба ҷангро ба 10 рӯз коҳиш дод. Ӯ гуфт: “Ҳич сабабе барои интизории бештар нест”.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид намуд, ки дар сурати беҷавоб мондани дархост боҷи гумрукии 100 фоиза ба кишварҳое, ки бо Русия муомила доранд, ҷорӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, чунин иқдом метавонад иқтисоди Русияро, ки ба содироти нафту газ такя дорад, зери фишори ҷиддӣ қарор диҳад.

Ин таҳдидҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Русия ба воситаи “нафлугони соягӣ” барои давр задани таҳримҳо ва идомаи содироти сӯзишворӣ ҳанӯз ҳам солона беш аз 300 миллиард доллар даромад ба даст меорад. Сарчашмае, ки қисмати муҳимми харҷи ҷангро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти русия ин муҳалтро “таҳдиди ҷанг” хонд ва онро рад кард. Президенти Украина аз мавқеи Доналд Трамп пуштибонӣ кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.