Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон сокини Андиҷонро барои пайвастан ба гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон зиндонӣ кард
Мақомоти Ӯзбекистон сокини 28-солаи вилояти Андиҷони Ӯзбекистонро ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ба 8 сол зиндон маҳкум намуданд.
Ин сокини вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, ки ҳувияташ аз сӯйи мақомот фош нашудааст, дар соли 2024 мехост аз тариқи Туркия ба Сурия рафта, ба гурӯҳи ДОИШ ҳамроҳ шавад, вале натавонист аз марз гузарад. Ӯ ҳадаф дошт, ки ба воситаи Эрон ба Афғонистон ворид шуда, ба гурӯҳи террористии Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ, ки шохаи ҷудошудаи Ҳаракати Ӯзбекистон аст, бипайвандад. Мақомоти Ӯзбекистон қабл аз расидан ба ҳадаф ӯро боздошт кардаанд.
Мақомоти Ӯзбекистон макони дақиқи боздошти ӯро эълон накардаанд.
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон гуфт, ки ин шахс дар вилояти Андиҷон муҳокима шуда, ба зиндон маҳкум гардид. Тибқи иттилои расмӣ, ӯ соли 1997 таваллуд шуда ва аз соли 2023 бо гурӯҳи “Катоиб ат-Тавҳид-ал-ҷиҳод” ҳамкорӣ кардааст. Мақомот ӯро муттаҳам кардаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи ифротгароёна нашр кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”