Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Канада дар моҳи сентябр Фаластинро ба расмият мешиносад
Сарвазири Канада Марк Карни эълон кард, ки Оттава мақсад дорад дар ҷараёни 80-умин ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр доир мегардад, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.
Марк Карни рӯзи чоршанбе дар ҷараёни суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт: “Канада дер боз ҷонибдори ҳалли дукишварӣ аст. Эътилофи давлати мустақил, босубот ва соҳибихтиёри Фаластин, ки дар канори давлати Исроил дар фазои сулҳу амният зиндагӣ кунад”.
Қабл аз ин Фаронса низ эълон намуда буд, ки моҳи сентябр давлати Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт. Британия низ гуфт, ки дар сурати сарпечии Исроил аз қабули шартҳо, аз ҷумла оташбас иқдоми шабеҳеро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Карни Канада ин тасмимро баъд аз он гирифт, ки мақомоти Фаластин ваъда додаанд, ки як қатор ислоҳоти ҷиддиро ба иҷро хоҳанд расонд. Ӯ гуфт, ки раиси худидории миллии Фаластин Маҳмуд Аббос ба ӯ итминон дод, дар интихоботе, ки тӯли солҳои зиёд ба таъхир уфтода ва қарор аст дар соли оянда доир шавад, ҳаракати Ҳамос ширкат нахоҳад кард.
Марк Карни ҳамчунин, афзуд, роҳбарияти Фаластин уҳдадор шудааст, ки “Фаластинро низомисозӣ накунад” ва кишварро ба сӯи низоъҳои нав набарад.
“Канада ҳамеша аз истиқлоли давлати Исроил дар Ховари Миёна, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ мекунад, бо қатъият пуштибонӣ мекунад. Аммо ҳар роҳи устувор ба сӯи сулҳ, фақат бо вуҷуди як давлати босуботу қобили зисти Фаластин муяссар хоҳад буд, ки ҳуқуқи бебозгашти Исроил ба амниятро эътироф мекунад”- зикр кард сарвазири Канада.
Ин изҳорот баъди суҳбати телефонӣ бо сарвазири Британия Кир Стармер садо дод. Ба дунболи ин изҳорот Вазорати корҳои хориҷии Исроил бо вокуниши сахт изҳори нигаронӣ намуда, тасмими Канадаро “ҷоиза додан ба Ҳамос” хонд. Ӯ гуфт: “Тағйири мавқеи ҳукумати Канада дар чунин шароит мукофот ба Ҳамос аст ва ба талошҳо барои расидан ба оташбас ва озод кардани гаравгонҳо дар Ғазза латма мезанад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”